Гаронтарин футболбозони тоҷик киҳоянд? (аудио)

Торнамои олмонии омори футбол Transfermarkt радабандии футболбозони ҷаҳонро тибқи нархи трансферӣ муайян кард. Коршиносон аз рӯи натиҷаҳои миёндаврии мавсими имсолаи футбол гаронтарин футболбозони Тоҷикистонро муайян карданд.

Арзиши умумии 225 бозингар аз 10 дастаро мутахассисони Олмон 4,5 млн евро арзёбӣ кардаанд. Тибқи ҳисоби онҳо, бозигари Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 20 ҳазор евро нарх дошта, синнаш ба ҳисоби миёна 24-сола аст.

5 футболбози гаронтарини тоҷик ба ҳисоби Transfermarkt:

1. Алишер Ҷалилов. Нимҳимоятгари ҳуҷумкунанда. Даста — АГМК (Алмалиқ, Ӯзбекистон). Нарх — 700 ҳазор € (евро). Алишер Ҷалилов дар давоми ҳунарнамоиаш дар дастаҳои Русия бозӣ кардааст, аз ҷумла дар тимҳои “Рубин”, “Нефтехимик” ва ”Балтика”. Соли 2019 ба ватан баргашта, ба бошгоҳи “Истиқлол” ҳамроҳ шуд. Имсол дар дастаи “АГМК”-и Ӯзбекистон бозӣ мекунад.

2. Парвизҷон Умарбоев. Нимҳимоятгари марказӣ. Даста — «Локомотив» (Пловдив, Булғористон). Нарх — 700 ҳазор €. Дастпарвари “Рубин”-и Қазон (Тотористон, Русия). Моҳи марти соли 2015 бо қаҳрамони футболи Тоҷикистон — “Истиқлол” қарордод ба имзо расонид. Дар ин ҷо як солу ду моҳ бозӣ кард. Ҳозир узви дастаи “Пловдив”-и Булғористон мебошад.

3. Эҳсони Панҷшанбе. Нимҳимоятгари марказӣ. Даста — «Навбаҳор» (Намангон, Ӯзбекистон). Нарх — 600 ҳазор €.

Аз 17-солагиаш ба дастаи “Истиқлол” пайваста, дар ҳамин бошгоҳ истеъдод ва маҳорату малакааш равнақ ёфт. Дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ таваллуд шудааст. Ӯ зикр кардааст, ки тими “Истиқлол”-ро ҳеҷ гоҳ тарк карданӣ набуд, лекин орзу дошт, ки дар хориҷа бозӣ карда, маҳорати худро озмояд.

4. Манучеҳр Ҷалилов. Ҳамлагари марказӣ. Даста — «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон). Нарх — 400 ҳазор €. Дар тими ҷавонони бошгоҳи “Локомотив”-и Маскав ба бозӣ оғоз намуда, сипас муддати ду сол дар бошгоҳи тобеи ҳамин даста (фарм-клуб) ҳунарнамоӣ кардааст. Соли 2011 ба бошгоҳи “Нефтехимик”-и Нижнекамски Русия гузашт. Соли 2015 ба ватан баргашта, бо дастаи “Истиқлол”-и Душанбе қарордод ба имзо расонид.

5. Зоир Ҷӯрабоев. Ҳимоятгари марказӣ. Даста — «Сурхон» (Тирмиз, Ӯзбекистон). Нарх — 400 ҳазор €. Моҳи июли соли 2018 Ҷӯрабоев аз КМВА (ЦСКА)-и Душанбе ба тими Суперлигаи Ӯзбекистон — “Металлург”-и Бекобод гузашт. Дар ин ҷо як мавсим бозӣ карда, ба Душанбе — ба ҳайати “Истиқлол” баргашт. Моҳи феврали соли 2022 бо тими Суперлигаи Ӯзбекистон — “Сурхон” қарордод имзо кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *