Идеали фарзандони мо кист?

Ё вақте волидайн нисбати сарнавишти фарзандашон бетарафанд

Солҳои охир, мутассифона, ҳам ахлоқи насли наврас — фарзандони мо коста асту ҳам сатҳи донишу ҷаҳонбинии онҳо. Сабаб дар чист? Оё дар ояндаи наздик сарнавишти ҷомеаи моро насли камсаводу камҳавсала ба даст мегирад?

Авваллин мураббӣ…

Тарбияи кўдак ва ба дараҷаи шахси баркамолу босавод расонидани ў аз оила сарчашма мегирад. Чунки мураббии аввалини бача волидайн, хоса модари ўст. Баъд аз гузоштани хишти аввалини ташаккули шахсият, бача ба муассисаҳои таълимӣ, аз қабили боғчаву мактаб меафтад. Дар деҳот кўдакон то ҳафтсолагӣ дар оила тарбия мегиранд.

Хишти аввал чун ниҳод меъмор каҷ,

То Сурайё меравад девор каҷ.

Ман дар ҳайрат меафтам, вақте волидайн дар бадахлоқӣ ва бесаводии фарзандашон танҳо муаллимро гунаҳгор мекунанд. Дар бадахлоқу бесавод тарбия ёфтани як инсон ҳаргиз муаллим гунаҳгор буда наметавонад, зеро ў танҳо чор панҷ-соат дар мактаб асту халос, боқии умри фарзанд дар куҷо мегузарад, бояд волидайн бохабар бошанд. Қонуни «Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» низ ҳаминро тақозо мекунад.

Аксарият бар он ақидаанд, ки вазъи вазнини иҷтимоии оилаи тоҷик сабабгори аз таълими фарзандон бехабар мондани волидайн аст. Аммо мо мислоҳои зиёде оварда метавонем, ки ин танҳо як баҳонаест барои сафед кардани худ. Оё ҳар рўз ду ё ақаллан як соат бо фарзанди худ будану вазъи дафтару рўзномаи ўро аз назар гузаронидан, сабаби паст будани кӯшишу ғайраташро фаҳмидан кори душвор аст? Мо дар давроне зиндагӣ мекунем, ки онро инқилоби технологияи навин меноманд. Оё дар ҳамин айём ба роҳбари синфи фарзанд занг задану аз ў пурсидани вазъи ахлоқу дониши фарзанд, ба қавли маъмул, ду карат ду нест?!

Пеш аз навиштани ин мавод ба омўзгорони зиёде занг зада, андешаҳояшонро фаҳмидан хостам. Аксарияти онҳо дар бораи набудани робитаи хуби волидайн бо мактаб изҳори нигаронӣ карда, мегўянд, ки фисади хеле ками волидон барои фаҳмидани вазъи рафтору хониши фарзандашон бо хоҳиши худ ба мактаб меоянд. Падару модарон танҳо вақти ягон рафтори ношоистаи фарзанд, ҳатто вақте ки кирдори ҷиноятӣ содир мекунанд, базӯр ба мактаб меоянд. Бадии кор дар он аст, ки волидайн мактабу муаллимро гунаҳгор карда, худашонро мусичаи бегуноҳ меҳисобанд.

“Бовар кунед, пинаки баъзе падару модарро ба тасвиб расидани Қонуни «Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» низ вайрон намекунад”,- гуфт ҳангоми суҳбат як омўзгори таҷрибаи зиёди корӣ дошта.

Наҷот аз нодонӣ

Роҳи наҷот аз нодонӣ мактаб аст, вале барои чӣ бачаҳои мо новобаста аз таҳсил дар мактабҳои барҳавои дорои шароити олии таҳсил хондан намехоҳанд?! Ман дар ҷойи аввал камҳавсалагии волидайн ва дуюм гум шудани сиёсати муаллимро мемонам. Волидайн дар дили фарзандони худ меҳри мактабро ҷой карда наметавонанд, адабчўби муаллимро бошад, аз дасташ гирифтаанд. Ман ҳаргиз тарафдори муштзӯрии муаллим набудам ва нестам, аммо ба омўзгорони имрўз сиёсат намерасад. Шахсан ман ёд надорам, ки солҳои шӯравӣ муаллимеро барои ҷазо додани шогирдаш ба маҳкама кашида бошанд. Имрўзҳо ба хотири овозашро баланд намудан муаллимро ба додгоҳ мекашанд. Чун солҳои хонандаи мактаб буданамро ёд меорам, ягон манзараи ба сари ҳамсинфонам даст бардоштани муаллимон дар навори хотирам сабт нест… Аммо ҷиддият, чеҳраҳои босалобату нуронии устодонам дар қатори симоҳои азизи падару бобояму тағоҳоям дар хотирам нақш бастаанд. 

Ҳавасмандӣ ва ҷазо

Як омили дигари ба дониш майл кардани бача ҳавасмандкунӣ барои кори хуб ва ҷазо барои кори бад мебошад. Ба хотири ин ҳам муаллим бояд кӯшиш намояду ҳам волидайн. Ба хотири чорякеро бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст кардан ба бача харидани тўҳфаи дилхоҳаш як таконест барои пешравии ў. Роҳбари синф аз тарафи худ метавонад ба шогирдони беҳтаринаш таърифнома, китоб ё ашёҳои хониш туҳфа кунад. Бовар кунед, устодони азиз, ин харҷи кам хизмати бузургест назди миллату меҳан. Ин тарафи мусбати тарбия буд…

Фарзандони мо бояд аз хурдӣ дарк кунанд, ки барои кори нохуб онҳоро ҷазо интизор аст. Ҷазо набояд характери зӯроварию хушунат дошта бошад. Хушбахтона, банда борҳо бо фарзандони фарзонаи миллат ҳамсуҳбат шудаам. Дар як суҳбати матбуотӣ Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Абдулҳамид Самад гуфта буданд: “Агар рўзе ба мактаб намерафтам ё аз дарс мегурехтам, модарам химчаеро гирифта дар банди пойҳоям мезад…”. Ана самараи ҳамин тарбияи модар буд, ки фарзанди бузургаш имрўз маҳбуби дили мардум гаштааст.

Дар нимаҳои дуюми асри бист дар деҳаи куҳистоне модар барои ба мактаб меҳр намудани ҷигарбандаш ташвиш мекашиду имрўз дар пойтахти кишвар, дар хонаҳои барҳавои замонавӣ модар барои ба таълиму тарбия ҷалб намудани фарзандаш коре накарда, тарбияи фарзандашро кори ҷонии омўзгор медонад.

Адабиёт ва одамият

Имрўз аксарияти волидайне, ки мехоҳанд фарзандонашон ба ҷое расанд, рў ба забонҳои русию англисӣ, чинӣ ва илмҳои дақиқ оварда истодаанд. Ин хеле хуб аст, вале бояд аз хотир набарорем, ки аввал забони тоҷикиро бо тамоми нозукиҳояш аз бар намудан лозим. Агар забони миллати худро намедонӣ, ту ба ин миллат дахл надорӣ, зеро шаҳодати мансуб ба миллате будан аввалу охир забон аст. Боиси нигаронии мардуми огаҳ аз хотирҳо фаромўш шудани адабиёти бадеӣ аст, ки он меҳвари одамият аст. Адабиёти бадеӣ инсон месозад. Оё ба мо роботе лозим аст барои ҳалли масоили фанҳои дақиқ, забондон ё инсони бо ҳиссу идроке, ки рисолаташ дар рўйи дунё созандагист?! Пас бояд дар баробари ҳама улуми дунёӣ адабиётро дар раддаи аввал гузорем. Волидайни моро лозим аст, ки дар қатори ноутбук ё телефони гаронбаҳо ба фарзанди худ китоби бадеӣ низ туҳфа кунанд. Зеро агар русиро медонию Толстой, Чехов ё Достоевскийро нахондаӣ, агар англисидонию хабаре аз Ҷек Лондону Ҳемингуэй, Даниэл Дефо надорӣ, хитоиро аъло медонию Лу Синро намешиносӣ, вой бар ту…

Сарчашмаи ҳамаи ин  забондониҳо аз бузург доштани забони миллати худ манша мегирад.

Лолаи САИДАКБАР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *