«Гавҳар»-филми муштараки киносозони тоҷику ӯзбек

Режиссёри тоҷик Собир Собиров дар ҳамкорӣ бо филмсозони ӯзбек ба сабти филми бадеии «Гавҳар», ки аз рӯзгори чилдухтарони Самарқанд ҳикоят мекунад, оғоз кард.

Режиссёри тоҷик Собир Собиров дар ҳамкорӣ бо филмсозони ӯзбек ба сабти филми бадеии «Гавҳар», ки аз рӯзгори чилдухтарони Самарқанд ҳикоят мекунад, оғоз кард.

«Гавҳар» филме хоҳад буд, ки баъди сӣ соли ҷудоӣ кинематографистони ӯзбеку тоҷикро ба ҳам меорад.

-«Гавҳар» ягона филме нест, ки бо филмсозони ӯзбек мо ба навор мегирем. Дар асл мо сабти ду филмро дар нақша дорем. Ин лоиҳаи мо баъди хуб шудани муносибатҳои ду кишвар роҳандозӣ шуд ва барои боз ҳам беҳтар шудани ҳамкориҳои фарҳангӣ мусоидат мекунад. Зеро дар гузашта мо – тоҷикон ва ӯзбекон дар кино ҳамкориҳои самарабахш ва таърихи муштарак дорем, — мегӯяд Собир Собиров.

Мавриди ёдоварист, ки маблағгузори ин лоиҳаҳо директори генералии ширкати «Vendo» Хайрулло Мамасолиев аст. Ин ширкат дар Самарқанд ва умуман Ӯзбекистон лоиҳаҳои калони фарҳангиро дар сатҳи баланд баргузор кардааст.

Собир Собиров фарзанди режиссёри маъруфи синамои тоҷик Тоҳир Собиров мебошад. Ӯ худ дар Самарқанд зода шуда, хатмкардаи ВГИК – Институти кинематографияи Маскав аст. Қаблан ӯ дар мавриди чандин навъи варзиш филмҳои ҳуҷҷатӣ ба навор гирифтааст.

Ҳамчунин,сабти даҳҳо клипи ҷолиб маҳсули эҷодиёти ӯ ҳастанд. Ду филми бадеие, ки сабташон дар ҳамкорӣ бо киносозони ӯзбек оғоз шудаанд, дебюти Собир Собиров дар филми бадеӣ хоҳад буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *