Бозори асъор: Ҷилави он дар дасти кист?

Чаро имрӯз талаботи мардум нисбат ба доллар бештар асту аммо он дар бозори асъор камчин аст?

Чаро доллар бологузар аст?

Воқеан ҳам тӯли чандсолаҳост, ки доллар дар қиболи пули миллӣ ҷойгоҳи баландеро ба худ касб кардааст ва масъулини муассисаҳои молиявӣ ҳарчанд ба қавли худ ҷаҳду талош меварзанд, то қимати пули миллиро боло баранд, аммо танзиму низоми ягонаи онро пайдо карда наметавонанд. Чаро имрӯз талаботи мардум нисбат ба доллар бештар асту аммо он дар бозори асъор камчин аст? Инро дастандаркорони Бонки миллии Тоҷикистон, бахусус Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушди ин ниҳод хуб медонанд ва онҳо дар машваратҳои ҳарҳафтаинаи худ аз қурби пули милливу вазъи нархи молу маҳсулот дар бозорҳои кишвар маълумот медиҳанд. Омилҳоро низ нишон медиҳанд, аммо ҷиҳати ҳаллу аз бунбаст берун гаштанро касе ба ёд ҳам намеорад. Осонакак омилҳои берунаро мисол меоранду бо ҳамин об ба лаби ҷӯ баробар мегардад. Бозор ҳамон бозор, молу маҳсулот ҳамон маҳсулот, фақат нархҳо осмонӣ.

Соле муқаддам як масъули Бонки марказии кишвар ба суоли хабарнигоре омилҳои баланд шудани қурби долларро “дар афзоиш ёфтани фаъолнокии иқтисодии соҳибкорон баъд аз мавсими зимистон” маънидод карда буд. Дигар фаслҳо чӣ, магар қурби доллар дар дигар фаслҳо ба боло дакка намехӯрад? Ҳатто масъулини Бонки миллӣ чанд соле қабл гуфта буданд, ки болоравии қурби доллар аз онҳо вобаста нест. Пас, он аз кӣ вобаста аст?

Як муддат фурӯши нарху мошинаҳо бо доллар сурат мегирифт ва қариб аксарият дар ҷайб доллар доштанд. Иқдоми Бонки миллӣ долларро аз муомилот бардошт, нуқтаҳои табодули асъор низ барҳам хӯрданд, ҳар кӣ бо доллар додугирифт мекард, ба ҷавобгарӣ кашида шуд, доллар камчин гашт ва гумон мерафт, ки ин ягона роҳи баланд бардоштани қурби пули миллӣ мегардад. Аммо баръакс, қурби пули миллӣ дар сатҳи паст қарор гирифт, сатҳи таваррум дар бозорҳо ба нуқтаи баландтарин расид, аксари корхонаҳо муфлис шуданд, мавҷи ин баҳри пуртуғён ҳатто бархе аз бонкҳоро низ муфлис гардонд.

Ёдам ҳаст, замоне ки муомилоти доллар озод буд ва дар ин роҳ ҳеҷ садде вуҷуд надошт, фурӯшандаҳои нуқтаҳои табодули асъор ва ё ба қавли маъмул “валютчикҳо”, аз Бонки миллӣ доллару евроро озодона харидорӣ мекарданд ва ба болои он 1 долларӣ гузошта, дар нуқтаҳои саррофӣ ба мардум мефурӯхтанд. Аз чунин фурӯши озоди доллару табодули асъор ҳам бонкҳо фоида медиданду ҳам саррофон. Ҳатто дар роҳраву кӯчаҳо низ афроде ба чашм мерасиданд, ки пинҳонӣ доллар табодул мекарданд ва коршиносон онҳоро фурӯшандаҳои бозори сиёҳ маънидод мекарданд.

Воқеан ҳам, агар воқеъбинона масъаларо таҳлил кунем, баръало он чиз аён мегардад, ки қаблан вақте мардум дар ҳамён доллар доштанд, дилхоҳ молу маҳсулотро аз хориҷи кишвар бидуни мушкилот вориди бозорҳо мегардониданд ва нархи молу маҳсулот низ то ҷое муътадил буд. Чун муомилоти долларӣ ба иборае “ба танзим” дароварда шуд, аксари тоҷирону соҳибкорон муфлис шуданд, мардум дар як ҳолати ногувори буҳрони иқтисодӣ қарор гирифтанд.

Ҳамагон огаҳӣ доранд, ки ҷиҳати коркарди молу маҳсулот дар корхонаҳои кишвар, ашёи хом аз хориҷи кишвар ворид мегардад ва гӯё чунин вориднамоӣ метавонад бозорро ба танзим дарорад? Замоне семент аз хориҷи кишвар ворид мегашт ва қимати як халтаи сементи навъи Покистон аз 33 то 36 сомонӣ буд. Аммо имрӯз, ки семент дар дохили кишвар истеҳсол мегардад, арзиши як халтаи он 40 сомониро ташкил медиҳад. Магар ашёи хоми семент хориҷ аз кишвар ворид мегардад? Ё иллат дар он аст, ки чиноиҳо ин бозорро аз худ карда, ҳаққи худро бо доллар мерӯёнанд?

Чӣ бояд кард?

Вақте мегӯем қурби пули миллӣ коҳиш ёфтаву доллар болост ва нархи маҳсулот ҷавобгӯи кисаи мардум нест, пас чаро давлатмардони кишвар дар танзими нархи маҳсулоти бозор мусоидат намекунанд?  Он рейду санҷишҳое, ки ба хотири худнамоишдиҳӣ дар бозорҳо гузаронида мешаванд, роҳҳи ҳалли масъала нест. Иқдомоти шаҳрдорӣ дар мавриди ташкилу таъсиси ярмаркаҳои фурӯши молу маҳсулоти деҳқонӣ бо нархи дастрас, воқеан ҳам, ба манфиати мардум аст.

 Маҳз монеагузорӣ дар муомилоти асъори хориҷӣ, қурби онро баланд кардааст. Тоҷирону соҳибкорон молу маҳсулотро аз хориҷа бо доллар харидорӣ мекунанд ва баъд аз ворид кардани он ба кишвар, аз рӯйи қурби муайянкардаи худ онро ба сомонӣ табодул мекунанд, ки омили даҳчанд боло рафтани нархи молу маҳсулот мегардад. Чунин амалкард зарбаи ҷонкоҳе мегардад ба камари хамгаштаи қишри камбизоати ҷомеа.

Тавре дар боло ишора кардем, дар мо анъана шуда, ки болоравии қурби долларро мавсимӣ арзёбӣ мекунем. Мавсими мактаб фаро расад, формаи мактабӣ қимат мешавад, ҷашну идҳои миллӣ аз қабили идҳои Рамазону Қурбон ва дигар ҷашнҳои миллӣ баргузор шаванд, молу маҳсулоти ғизоӣ даҳчанд боло мегардад ва касеро парвое нест ва ҳеҷ гуна назорат дар бозорҳо дида намешавад. Дар маҷмӯъ мардум ин ҳамаро монополикунонии бозори асъор аз ҷониби афроди манфиатҷӯ маънидод мекунанд, ки ба хотири пешбурди кори бонкҳои худтаъсисдодаашон роҳи гардиши долларро ба самти худ гардонидаанд.

 М. Муҳаммадзода, коршинос

Матни комили мақола дар шумораи ояндаи нашрияи “Тоҷикистон” чоп мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *