Бозгашти боз 47 тоҷик аз Сурия ба Ватан

Боз 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд.

Баргардонидашудаҳо узви 13 оила ҳастанд: 15 зан, 17 духтар ва 15 писар.

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе 25 апрел намояндагони мақомоти расмии Тоҷикистон, аз ҷумла муовини сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ пешвоз гирифт.

Гуфта мешавад, ки Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас давоми солҳои 2019-2023 дар се марҳила зиёда аз 300 нафар занону кӯдакони тоҷик аз Ҷумҳурии Ироқ ва Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *