Газна хунравии бачадонро манъ мекунад?
Ман ҷавонзани 35- сола ва модари се фарзанд ҳастам. Пас аз тавлиди духтарчаи хурдиам ба иллати хунравии бачадон гирифтор шудам. Аксар вақт дар байни давраи ҳайз худ аз худ хунравӣ сар шуда, чанд рӯз давом мекунад. Азбаски шавҳарам камбағал аст, имкони дар беморхона хобида табобат гирифтанро надорам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Матлуба аз н. Панҷ
Посух
Хоҳари азиз, Матлубахон, ин иллат аксаран бо сабаби пайдо шудани саратон дар гарданаи бачадон ё миомаи бачадон ба вуқӯъ мепайвандад, бинобар ин, имкони дар беморхона хобида табобат гирифтан надошта бошед ҳам, ақаллан ба назди духтури занона рафта аз ташхис гузаред. Сарчашмаи беморӣ, ки аниқ шуд, табобат карданаш осон мешавад. Айни замон ман ба шумо чанд давои содаро тавсия медиҳам, ки хунравиро манъ мекунад, вале ба духтур муроҷиат карданро фаромӯш накунед.
Нусхаи аввал
Гиёҳҳои газна ва ҷағ-ҷағро ба андозаи баробар гирифта нағзакак омехта намоед ва 10 гр. аз ин таркибро да 200 гр. оби ҷӯш дар термос дам кунед. Гиёҳоби ҳосилшударо агар рӯзе 3 маротиба кам-кам нӯши ҷон созед, хунравиро манъ мекунад.
Нусхаи дигар
Дар тибби суннатии бисёре аз кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Урупо ва Русия шоҳтути заминӣ дар мавриди табобати бемориҳои занона мақоми баландро доро мебошад. Ин меваи биҳиштӣ нороҳатиро дар замони қоидагӣ кам карда, хунрезии беш аз андозаро танзим мекунад. Шоҳтути заминиро инчунин дар мавриди поён фаромадани бачадон ва дилбеҳузурӣ низ истифода мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ