Набиҷон Пирматов Музаффар Шодиевро мағлуб мекунад?

Байни ду актёри ҷавони синамои тоҷик Набиҷон Пирматов ва Музаффар Шодиев дар озмуни “Ягона аз даҳгона” рақобат хеле шадид ҷараён дорад.

Айни замон Набиҷон Пирматов 457 овоз дорад, Музаффар Шодиев бошанд 263 овоз ба даст овардааст, аммо ҳаводорони ҳунарашон ҳар лаҳза зери номи ин ду ҳунарманд лайк мегузоранд ва шумораи овозҳо зуд-зуд тағйир меёбанд. Ҳаводорони Набиҷон мегӯянд, пас аз тамошои сериали “Арӯси замонавӣ” ин ҷавони ситорагармро сахт дӯст доштаанд ва танҳо ӯро аз байни даҳ актёри ба озмун пешниҳодшуда арзандаи шоҳҷоиза медонанд, аммо мухлисони филми “Сукут” иддао доранд, ки ғолибият бояд насиби Музаффар Шодиев гардад. Дар ин набард кӣ ғолиб меояд, инро танҳо вақт нишон медиҳад, аммо…

Бонувони ҳунарпеша низ аз мадди назари ҳаводорони синамо дур намондаанд. Ошиқони ҳунари Фарзонаи Файз, ситораи филми “Беҳуда хорам мекунӣ” ба ҷонибдории ин зебосанам даста-даста овоз фиристода истодаанд, дар сомонаи “Тajikistantimes.tj” низ зери номи ин фариштаи экран каментарияҳо хеле бисёранд Ин аз он далолат медиҳад, ки Фарзона чанд сол боз аз олами синамо дур бошад ҳам, меҳраш ҳанӯз аз дили ошиқони кино нарафтааст. Дар байни бонувон рақобат дар байни ду зебосанам Таҳмина Раҷабова ва Сабина Шаймардонова махсусан шадид аст, аммо натиҷаашро ҳанӯз касе пешгӯӣ карда наметавонад.

Кист он ҳунарманди муваффақе, ки ҷоми ғолибиятро ба даст меорад? Ба ин савол шумораи овозҳое, ки шумо азизон ба ҷонибдории ҳунармандони писандидаатон медиҳед, муайян хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, ки айни замон Сироҷиддин Ғафурӣ 214 овоз, Тахмина Раҷабова 425, Набиҷон Пирматов 457, Музаффар Шодиев 264, Фарзонаи Файз, 292, Сабина Шаймардонова 343, Абдукарим Машрабов 169 Моҳпайкар Ёрова 360, Мавлона Наҷмиддинова170 ва  Шуҳратшои Раҳматулло 215 овозро соҳиб гаштаанд.  Ба сомонаи “Тajikistantimes.tj” ворид гашта, овоз диҳед ва ғолиби озмуни “Ягона аз даҳгона”-ро интихоб кунед ё анкетаи озмунро аз ҳафтаномаи “Оила” бигиред ва онро ба номи ҳунарманди дӯстдоштаатон пур карда, бо суроғаи зерин ба мо фиристед: ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *