“Генерали мардумӣ” 25 сол гирифт

Суди олии Тоҷикистон Саид Қиёмиддини Ғозӣ (Қиёмиддин Ғозиев), рӯҳонии шинохта ва воизи маъруфро , ки ӯро ҷонибдоронаш “генерали мардумӣ” низ мегуфтанд,   ба 25 соли зиндон маҳкум кард.

 Як манбаи огоҳ аз  парванда дар Суди олӣ гуфтааст,ки  мурофиаи ниҳоии Саид Қиёмиддини Ғозӣ ҳудуди 10 рӯз қабл дар Боздоштоҳи муваққати рақами яки Душанбе паси дарҳои баста баргузор шуд. Ба гуфтаи манбаъ, Саид Қиёмиддини Ғозӣ бо се моддаи Кодекси ҷиноӣ — «барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ», «хиёнат ба давлат» ва «даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ», айбдор дониста шудааст. Вакили дифоъ Зафар Расулов, ки аз сӯи мақомот барои ҳимоят аз ҳуқуқи Саид Қиёмиддини Ғозӣ таъйин шуда буд, рӯзи 31-уми май гуфтааст,ки  аз оғоз то анҷоми мурофиаҳои судӣ, парвандаи зерҳимояаш махфӣ буд ва аз ин рӯ оид ба ҷузъиёти он шарҳ дода наметавонад.Ҳанӯз маълум нест, ки Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар мурофиаҳо ба ин иттиҳомот эътироф кардааст ё не. Мурофиаи судии ин рӯҳонӣ бидуни ширкати наздикони ӯ доир шудааст. Саид Қиёмиддин Ғозӣ моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия боздошт ва дар як шароити мармуз ба Тоҷикистон истирдод шуд. Ин рӯҳонии 66-сола ҳамакнун давраи ҷазояшро дар маҳбаси низомаш сангин сипарӣ хоҳад кард. Дӯстони хонаводаи Саид Қиёмиддини Ғозӣ мегӯянд, ки пас аз содир шудани ҳукм, ӯ ҳоло аз боздоштгоҳи рақами аввал ба боздоштгоҳи Вазорати адлия интиқол дода шудааст. Ба гуфтаи онҳо, Саид Қиёмиддини Ғозӣ вақте барои табобат ба Эрон рафта буд, пайвандонаш як манзили ӯро фурӯхта, барояш пул фиристода буданд. «Вақте бармегашт, ҳамроҳаш боқимондаи ҳамон маблағ (беш аз 10 ҳазор доллар) ва ҳамчунин ду телефони ҳамроҳ ва як компютер дошт ва ин ҳама мусодира шуда, ба ҳисоби давлат гузаронида шудаанд»,-гуфтаанд онҳо.Пайвандонаш қаблан гуфта буданд, ки аз ҷузъиёти иттиҳоми эълоншуда алайҳи ӯ хабар надоранд. Ба гуфтаи наздиконаш, Қиёмиддин Ғозиев моҳи ноябри соли гузашта, замоне, ки тариқи Истанбул аз Эрон ба Русия бармегашт, аз ҷониби нерӯҳои амниятии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург боздошт шуда, ба Тоҷикистон истирдод шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *