Ӯзбекистон: Занги охир дар мактабҳо манъ карда шуд

Занги охир рӯзи 25-уми май дар мактабҳои Ӯзбекистон бо сабаби гузаштан ба низоми таҳсилоти ҳатмии ёздаҳсола садо надод.
Шурӯъ аз соли таҳсили ҷорӣ бо дастури раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ таълими 11-сола барқарор карда шуд. Аз соли 2009 инҷониб маълумоти миёнаи умумии нуҳсола вуҷуд дошт.
Пештар 25 май чорабиниҳои «Хайр, мактаб», «Занги охир» ва ғайраҳо баргузор мешуд, ки хонандагони синфи якум зангӯла мезаданд. Имсол шакл тағйир ёфт, яъне хатмкунандагон нестанд. Акнун 95% хонандагони синфи нӯҳ мехоҳанд омӯзиши худро давом диҳанд.
Тибқи иттилои вазорат, 25-уми май аз соати 8:30 то 10:00 (аз 6.30 то 8:00 мск) дар тамоми мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ чорабиниҳои тантанавӣ таҳти шиори «Мо дар мактаби дӯстдоштаи худ мехоҳем монем, кӯшиш мекунем ҳама чизи навро аз худ карда, қуллаҳои нави пешрафтро фатҳ намоем». Баргузор гардид.
Мактаббачагонро бо итмоми марҳалаи муҳими ҳаёт дар зиндагии онҳо волидайн, хешовандони наздик, шахсиятҳои машҳури илму фарҳанг ва таълиму тарбия, инчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ табрик намуданд.
Тибқи маълумоти вазорат, соли таҳсилии 2017-18 дар синфҳои нуҳум дар беш аз 9,6 ҳазор мактабҳои таҳсилоти умумӣ зиёда аз 475 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд.
Мувофиқи тасмими Мирзиёев сар аз соли хониши 2019-2020, қабул ба коллеҷҳои касбӣ аз ҳисоби хатмкунандагони синфҳои 11-уми мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва дар асоси ихтиёрӣ, бо мақсади ба даст овардани тахассуси муносиб (касб) ва бо давомнокии омӯзиш аз шаш моҳ то ду сол, роҳандозӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *