Генерали рус дар Маскав инфиҷор шуд

Дар таркише дар хиёбони Рязани Маскав Игор Кириллов, фармондеҳи неруҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия кушта шудааст.

Дар ин ҳодиса, ки субҳи рӯзи 17-уми декабр дар назди манзили зисти генерал-лейтенант Кириллов, 7 киломтер дуртар аз Кремл рух дод, як афсари ҳамроҳаш низ ҷон бохтааст.

Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки маводи тарканда дар дохили самокат ва ё скутери электрикӣ пинҳон буда, ҳангоми беруншавии генерал-лейтенант Кириллов аз манзили зисташ аз дур фаъол шудааст.

Неруҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия як навъи хоси воҳиди мусаллаҳ аст, ки дар шароити заҳролудшавии ҳастаӣ, кимиёӣ ва биологӣ амалиёт пеш мебарад.

Кумитаи тафтишоти Русия таҳқиқи ҳодисаро бар уҳда гирифтааст.

Мақомоти Русия ангушти иттиҳомро ба сӯи Украина боло кардаанд. Мақомоти Украина то ҳанӯз дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардааст.

Рӯзи 16-уми декабр Хадамоти амнияти Украина хабар дод, ки ҳангоми ҳамлаи Русия ба хоки Украина неруи таҷовузгар таҳти фармондеҳии генерал-лейтенант Кириллов камаш 5 ҳазор дафъа аз силоҳи кимиёӣ истифода бурдааст. Хадамоти амнияти Украина Кирилловро шахсан масъули ин амал номида, зидди ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

Моҳи октябр Британия, Канада ва Зеландияи Нав Кириллов ва Неруҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русияро мавриди таҳрим қарор доданд, зеро ба қавли онҳо Русия дар ҷабҳаи ҷанг аз маводи нафасгиркунанда ва аз ҷумла хлорпекрин кор гирифтааст.

Кремл ин айбномаро беасос мешуморад.

Кириллов хатмкардаи Мактаби олии фармондеҳии низомии Кострома буда, сар аз соли 2017-ум раҳбарии Неруҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русияро бар дӯш дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *