Гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 729 нафар расид

Шоми  12 май дар Тоҷикистон 68 ҳолати нави сироятёбӣ аз навъи нави коронавируси  COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Акнун  шумораи онҳо ба 729 нафар расид.

Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки теъдоди ҳолатҳои фавти беморони мубтало ба ин вирус 2 нафар зиёд шуда, 23 касро ташкил медиҳад.

Қаблан шумораи сироятёфтагон 661 нафар ва фавтидагон 21 кас буд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати навъи нави коронавируси CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя ва ҳамзамон дар ҳолати пайдо гардидани нишонаҳои ин беморӣ фавран ба табиби оилавии минтақаи хеш муроҷиат намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *