Даргузашти бузургтарин забоншиноси кишвар Баҳриддин Камолиддинов

Баҳриддин Камолиддинов зобоншиноси шинохтаи кишвар пас аз чанд ҳафтаи бемори имрӯз 13-уми май вафот кард.

Қаблан дар мавриди бемории профессор Камолиддинов декани факултети журналистики Саъди Маҳди, ки мавсуф омузгори ин факулта буд хабар дода буд. Ба гуфтаи Саъди Маҳди рӯзҳои охир аҳволи Камолиддинов рӯ ба беҳбуди ниҳода буд, аммо субҳи имрӯз ҳолаташон бад шуда вафот карданд.

Зиндагинома

Баҳриддин Камолиддинов 5 октябри 1935 дар деҳаи Пунғази ноҳияи Ашт, вилояти Суғд ба дунё омадааст. Баъди хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин) бо дипломи сурх аз соли 1959 ба ҳайси ассистенти кафедраи забони тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуда, соли 1966 рисолаи номзадӣ ва соли 1988 рисолаи докторӣ дифоъ намудааст ва соли 1991 соҳиби унвони илмии профессор мебошад. Солҳои зиёде ҷонишини таълимии декани факултаи филология ва шарқшиносӣ, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз соли 1994 то соли 2011 вазифаи мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Ҳоло профессори ҳамин кафедра аст.

Эҷодиёт

Нахустин рисолаҳои илмиаш бо унвонҳои “Ҳаким Карим”, “Забон ва услуби Ҳаким Карим” солҳои шастуми садаи гузашта ба табъ расидаанд. Солҳои минбаъда рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсию дастурҳои таълимии “Услубшиносӣ” (Д.,1973), ки ба забони дарӣ дар Афғонистон ду маротиба чоп шудааст, ду маҷмӯи машқҳо доир ба наҳви забони тоҷикӣ (ҳаммуаллиф, 1978, 1982),

  • “Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён” (1986),
  • “Ҳусни баён” (1989),
  • “Хусусиятҳои услубии сарфу наҳви забони тоҷикӣ” (1992),
  • “Услубшиносӣ” (ҳаммуаллиф, китоби дарсӣ барои хонандагони макотиби миёна, 1995),
  • “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд” (2001),
  • “Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ” (2003),
  • “Сухандонон сухан санҷида гӯянд” (2005),
  • “Меъёрҳои забонҳои адабӣ ва забони матбуот” (2007),
  • “Сухан гуфтию дур суфтӣ, ё рӯ ба рӯи микрофон” (2007),
  • «Забони тоҷикӣ» (Китоби дарси барои хонандагони синфи 11 (2007),
  • “Наҳви забони тоҷикӣ” (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаҳои филология, журналистика ва забонҳои Шарқ, 2010),
  • «Синтаксическая синонимия в современном таджикском литературном языка (2010),
  • «Чанд мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул» (2013)

Инчунин бо ҳаммуаллифӣ бо олимони дигар дастури ёрирасони таълимии “Тарҷума ва балоғати сухан” (иборат аз ду ҷилд, 2004 ва 2005) ба табъ расидаанд.

Бар замми ин, дар давоми фаъолияи илмию омӯзгорӣ беш аз 150 мақолаи илмию методӣ интишор намуда, беш аз 50 номгӯй асарҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва васоити таълимиро таҳрир кардааст. Баҳриддин Камолиддинов яке аз муаллифон ва муҳаррирони “Грамматикаи забони ҳозираи тоҷик” (грамматикаи илмии академиявӣ, 1985-1992) мебошад. Профессор Баҳриддин Камолиддинов дар давоми солҳои 1998-2011 ба ҳайси узви шӯроҳои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон, Инситути илмҳои педагогӣ дар тайёр кардани мутахассисони ҷавон хизмати шоиста намудааст. Номбурда ба ҳайси узви Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати кории ислоҳоти имлои забони тоҷикӣ (солҳои 1994-1998 ва 2010) хидмат кардааст. Баҳриддин Камолиддинов ба ҳайси сардори гурӯҳи ҳамоҳангсози фанни забони тоҷикии Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маорифи Тоҷикистон дар таълифи барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии забони тоҷикӣ барои хонандагон (тоҷику ғайритоҷикзабон)-и мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ низ ба муаллифони китобҳои дарсӣ ба сифати мушовир, муқарриз ё муҳаррир ёрдам кардааст. Таҳти роҳбарии Баҳриддин Камолиддинов 20 нафар рисолаи номзадӣ ва 4 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *