Гиряи деҳқон ва кисаи пури миёнарав
«Нони дуввум» чӣ тавр ба даст меод?
… Маҳмадзоҳир бо сари хам дар болои мошини “Дулан” дар байни халтаҳои тӯрини картошка сарашро байни даст гирифта менишаст. Чеҳраи гирифтааш аз он гувоҳӣ медод, ки савдои кутараи моли овардааш он қадар муваффақона нест.
— Ҳа, акаи Маҳмадзоҳир, чаро аз чеҳраатон барфу борон меборад? Боратон нагузашта истодааст?,- пурсид савдогар — миёнарави дигар, ки ҳаргиз худ каландро ба даст нагирифтаасту аммо дар “Деҳқонбозор” савдо мекунад, аз Маҳмадзоҳири қавоқовезон.
— Напурс, ҳам каппаи ман сӯхту ҳам аз картошкакор… Наход дар ҳамин фасли сол касе картошкаро ақаллан ду сомонӣ нахарад? Агар ҳисобу китоб кунему хароҷоташро то ба даҳани бозор расонидан ҷамъу зарб намоем, на ин ки фоида, балки зарари он бештар аст. Боз ин шаҳриҳо ноз мекунанд, ки молатон қиммат… Охир онҳо заҳмати деҳқону хароҷоти онро аз куҷо медонанд? Инро ману ту, миёнарав бошем ҳам, медонем. Даҳ тонна картошкаро аз Ҷиргатол дуним сомонӣ шарту байъ карда оварда будам, дар ин ҷо ду сомонӣ ҳам намегиранд. Намедонам ба соҳиби бор чӣ мегӯям…
Ман ин гуфтугузорро, ки дар вақти “идхараки” арафаи иди Рамазон дар “оптомбозор” тасодуфан шунидам ва як дона анори нимкилоиро ба 15 сомонӣ (кило не, дона!) харида будаму аз Худо хоҳиш мекардам, ки рӯзаи он анорфурӯши ноинсофро қабул накунад, шунида, ба ҷои кор омадам ва ба ёдам гуфтугӯи ин ду савдогар расид. Шиштаму бо истифода аз манбаъҳои гуногун дурустии суханони онҳоро санҷидан хостам. Агар дар ин шабу рӯз ман деҳқони картошкапарвар бошаму як гектар замин дошта бошам ва ҳукумат маро мисли солҳои пеш ба коштани “нони дуюм” ташвиқ кунад, натиҷааш чӣ гуна хоҳад буд?
Авал заминро бояд ҷуфт кард, ки барои он трактор лозим. Барои ҷуфти ин миқдор замин камаш 25 литр солярка, ки нархи ҳар литраш тақрибан 7 сомонӣ аст, зарур аст. Ин мешавад 175 сомонӣ. Ба болои ин, музди меҳнати тракторчӣ ва “амортизатсияи” тарктори ӯ 1300 сомонӣ мешавад. Заминро барои картошкакорӣ дар шароити Тоҷикистон камаш ду маротиба ҷуфт кардан лозим. Яъне, дар маҷмуъ 1500 сомонӣ танҳо барои омода намудани замин зарур аст. Минбаъд тухмии захиракардаро ба миқдори 2 тоннаю 500 кило ба саҳро мебароред, ки нархи он камаш 2,5 сомонӣ аст. Яъне 6250 сомонӣ тухмӣ сарф мекунед. Баъд аз он, ки картошка ба нашъунамо сар кард, ташвишҳои дигар оғоз мегарданд. Аввал онро мулоим мекунеду ҷӯя мегиред (агар ин корро худатон дастӣ иҷро намоед, пулашро ҳисоб накунем ҳам мешавад). Аввалин шуда, ба коштаи шумо ҷонваре бо ном “қунғузаки колорадӣ” “чашм ало” мекунад, ки ба муқобили он барои як гектар замин (ду-се маротиба заҳр мепошед) тақрибан 300 сомонӣ сарф мекунеду зарараш камтар мешавад. Пас аз он, барои хуб нашъунамо кардан ва ба умеди ҳосили баланд, шумо ба ҳар сотихи ин замин камаш 5 кило селитра медиҳед, ки ин дар маҷмуъ 5000 сомониро ташкил медиҳад. Барои беҳтар шудани таркиби хок ва мулоим истодани замин, ба болои ин камаш 200 кило фосфор доданатон зарур мешавад, ки 4 халтаи 50-килоии онро шумо маҷбуред ба маблағи 1000 сомонӣ (ҳар халтааш 250 сомонӣ) харед. Ҳамаи ин корҳоро шумо ба иҷро расонидед ва гӯё картошкаатон омодои бозор шуд. Вале онро шумо дар пуштатон намебаред ку! Барои он, ки шумо ҳосили баланд гирифтеду (тақрибан 15 тонна аз як гектар ва дар шароити Тоҷикистони мо аз ин баландашро умедвор шудан душвор аст) бояд ба ҳар килои он барои то Душанбе, Хуҷанд ва ё Бохтар (аз Ҷиргатолу Ғарм ва Мастчоҳу Панҷакент) расонидани он ба “Дулан” ё “Камаз” барои ҳар килояш 30 дирам диҳӣ, ки ин тақрибан 5000 сомонии дигар аст. Аммо бо ин кор тамом намешавад. Аввал даратро андоз мегирад, ки дар ҳар минтақа гуногун буда, барои як га ба ҳисоби миёна 300 сомонӣ аст. Ана баъд, “себамро хӯрдӣ, ғозашро деҳ” гуфта, ҳисобчии об ҳозир мешавад, ки он ҳам тақрибан 300 сомониро ташкил медиҳад. Бо ибораи хабарҳои расмӣ “бояд зикр кунем”, ки меҳнати худату фарзандонат ва хароҷоти “пешбининашуда”-ро ҳисоб накардем ва натиҷаи “математикаи олии мо” барои истеҳсоли картошка дар як гектар замин чунин шуд:
1. Шудгор 1500 сомонӣ.
2. Тухмӣ 6250 сомонӣ.
3. Заҳрхимикат 300 сомонӣ.
4. Нурии минералӣ (селитра ва суперфосфат) 6000 сомонӣ.
5. Мошинпулӣ 5000 сомонӣ.
6. Истифодаи об 300 сомонӣ.
7. Намудҳои гуногуни андоз 300 сомонӣ.
Ҷамъ: 19650 сомонӣ.
Яъне, шумо бо сарфи ҳамин қадар маблағ маҳсулоти худро истеҳсол намуда, то бозор расонидед. Акнун бубинем, ки як кило картошкаатон ба чанд пул истеҳсол шуд. 19 650 : 15 000 = 1 сомониву 31 дирам! Агар деҳқон онро бо нархи имрӯза фурӯшад, аз ҳар килояш 69 дирам фоида медидааст. Чун ҳосили картошкаро баъд аз шаш моҳ ҷамъоварӣ кунанд ҳам, аммо меҳнаташ давоми сол идома меёбад, бубинем, ки деҳқон дар ҳар моҳи меҳнати худ чанд пул маош гирифтааст. 69 дирам зарби 15000 кило = 10350 сомонӣ. Ин маблағро ба 12 моҳ тақсим кунем, мешавад 862 сомонӣ ва ин барои як нафар. Ҳол он ки, барои истеҳсоли миқдори дар боло овардаи картошка тамоми аъзои оила заҳмат мекашанд. Биёед, тақсимотро бас кунему ҳамин маблағи камро дар кисаи деҳқон монем, вагарна ӯ ҳам ба Русия ва ё ягон кишвари дигар барои кор мераваду аз картошка ҳам мемонему аз дигараш ҳам.
Ҳайронам, ки ҳамин ҳисобу китобро дар Вазорати кишоварзӣ ҳам мекарда бошанд? Агар кунанд, чаро талош намеварзанд, ки ақаллан дар назди Ҳукумат масъала гузошта, нархи нурии минералиро арзон кунанд ва ё ақаллан воридшавии онро аз андоз озод намоянд? Агар илоҷаш бошад, воридшавии маҳсулоти барои деҳқон заруриро бояд монополияи давлатӣ кард ва ё чанд заводи истеҳсоли нуриҳои минералии худиро сохт. Вагарна, аз чунин истеҳсолоти маҷбурӣ на ба деҳқон фоида асту на ба мардум, ки соли оянда лаззати арзонии имсоларо хоҳем чашид…
… Қавл додам, ки агар ин дафъа ба “деҳқонбозор”-и бедеҳқон равам, агар барои картошка 2 сомонӣ талаб кунад, дуним сомонӣ мехарам. Картошкаамон бепул будаасту худамон бехабар…
А. АҲМАДЗОДА,
рӯзноманигор
(Муаллиф ба агрономи соҳибтаҷриба Маҳмадмурод Ҷаҳонгиров барои кумак дар омода намудани ин мавод арзи сипос менамояд)
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ