Русҳо барои саёҳат ба Тоҷикистон меоянд! Оё мо аз имтиҳон мегузарем?

Ба таваҷҷуҳи раиси Кумитаи сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода

Аз сабаби ҷанги Русия бо Украина кишварҳои Ғарб сарҳадҳояшонро барои шаҳрвандони Русия бастаанд. Бинобар ин, русҳо маҷбуранд, ки имсол ба кишварҳои узви ИДМ рафта, истироҳат кунанд. Дирӯз тариқи телевизиони Русия тамошо кардам, ки бештари русҳо нияти саёҳатро дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон доранд. 

Дар моҳи май ба парвозҳо аз Маскав ба Ереван ва Истанбул ва Дубай бештар талабот доштаанд, вале ин барои сарватмандони  Русия. Аҳолии миёнсоли ин кишвар бошанд, барои истироҳат Тошканд,  Душанбеву Хуҷанд, Бишкек, Алмаато, Кишинёв, Минск, Тифлис, Самарқандро интихоб мекардаанд. Ман ин ҳарфҳоро аз пеши худам намегӯям, балки аз телевизиони Русия тамомшо кардам.

Имсол пойтахти Тоҷикистон аз ҷониби бошандагони Санкт-Петербург барои сафар ба як макони маъмул табдил мешавад.

Вале суоле сар мезанад, ки Тоҷикистон барои қабули сайёҳон омода аст ё не? Маконҳои тамошобоби сайёҳии кишвари мо, барои мисол “Искандаркӯл”, “Ҳафткӯл”, “Сарез” ва ғайраҳо роҳ доранд, ки сайёҳон роҳат аз ин минтақаҳо дидан кунанд? Оё дар ин мавзеъҳои биҳиштосо меҳмонхона ҳаст?

Мо ҳамин сол шонс дорем, ки кишварамонро барои сайёҳӣ муаррифӣ кунем. Агар ҳамин сол натавонем, дер мешавад!

Абдурасул РАҲМОНОВ, устоди донишгоҳ, нафақагир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *