Говдузд дар Балҷувон дастгир шуд
Марди 23-солаи сокини ноҳияи Балҷувон, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони говдузди дасгир шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКД.
Бино ба иттиои манбаъ ба ШВКД дар ноҳияи Балҷувон бо ариза марди 53-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Раҳимии ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи июн-июли соли 2019, тахминан соати 22:00 ба 23:00, шахсони номаълум аз чарогоҳи деҳаашон 1-сар чорвои калони шохдор, ки арзишаш 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Бояд гуфт, ки омоли дуздии говдузд дар натиҷаи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯи пас аз чанд моҳ аз тарафи кормандони милитси ошкор гардида гунаҳгор паси панҷара рафт
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ