Фуруди истисноии Airbus-320
Ҳавопаймои мусофирибарӣ Airbus-320, ки метавонист дар мушакандозии низомиёни Исроил суқут кунад, бо 172 мусофир дар пойгоҳи Русия дар Димишқ фуруд омад. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.
Тавре манбаъ мегӯяд, рӯзи 6 феврал чор таёраи F-16-и низомии Исроил ба хоки Сурия ҳамлаи мусаллаҳона анҷом доданд.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми партофти мушакҳо аз тарафи низимиёни Исроил таёраи Airbus-320 дар хатти парвоз қарор дошт ва қариб буд ба мушакҳо бархурд кунад. Ба ҳамин хотир ҳайати халабонҳои маҷруҳ шуданд то фуруди истисноӣ анҷом диҳанд.
Шарҳ