Грантҳои Фирдавс Шарифзода ба 40 нафар занони ҳунарманд

Имрўз дар толори пазироии Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода маросими супоридани грантҳои раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ба 40 нафар бонувони ҳунарманди шаҳр аз 3000 то 8000 сомонӣ грантҳои раиси шаҳр тақдим карда шудааст.

— Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода назди ҳунармандон баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зан-модар мавқеи баландро соҳиб гашта, имрўз занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати худро бобати дар рўҳияи баланди ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани фарзандон ва насли наврас сарбаландона иҷро мекунанд. Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқҳои занон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ якчанд амру фармон ва барномаҳо ба тасвиб расидаанд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки соли ҷорӣ ҳамчунин 2 нафар занҳои ҳунарманд аз шаҳри Хуҷанд соҳиби гранти Президентӣ ва 6 нафар занони ҳунарманди шаҳр барои гирифтани гранти раиси вилоят сазовор гаштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *