Green Card-2023. Амрико теъдоди ғолибонро эълон кард
Имсол аз Тоҷикистон 3 ҳазору 580 нафар барандаи “Green Card” ё корти сабзи Амрико шудаанд. Ин нисбат ба соли гузашта қариб 1 ҳазору 100 нафар ва назар ба 5 соли пеш қариб 2,2 ҳазор нафар бештар мебошад.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико бо нашри як гузориш хабар дод, ки дар соли 2023 дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар шаҳрвандони Ӯзбекистон барандаи “Green Card” гардидаанд: 5555 нафар.
Сокинони Ӯзбекистон соли гузашта ҳам пешсаф буданд: 5 ҳазору 511 нафар. Панҷ сол пеш 1 ҳазору 743 шаҳрванди Ӯзбекистон корти сабзи Амрикоро бурида буданд.
Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамасола аз ҳама кам шаҳрвандони Туркманистон соҳиби “Green Card” мешаванд. Дар соли 2023-юм 1 ҳазору 313 нафар, дар соли 2022-юм 555 кас ва панҷ соли пеш 515 нафар туркманистонӣ соҳиби корти сабзи Амрико гардида буданд.
Ҳамин тариқ, дар соли 2023-юм 4 ҳазору 464 шаҳрванди Қирғизистон ва 2 ҳазору 728 нафар шаҳрванди Қазоқистон соҳиби корти сабзи Амрико шудаанд. Соли гузашта 1 ҳазору 908 шаҳрванди Қазоқистон ва 2 ҳазору 846 шаҳрванди Қирғизистон барандаи “Green Card” шуда буданд. Ин рақам панҷ сол пеш дар Қазоқистон 1 ҳазору 584 нафар ва дар Қирғизистон 1 ҳазору 223 кас буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ