Ронандагони қоидашикан. Онҳо кистанд?

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон феҳристи ронандагонеро расонаӣ кард, ки аз ҳама бештар қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардаанд.

Ин ронандагон тавассути дастгоҳҳои “Шаҳри бехатар” сабт шуда, аммо ҷаримаҳои пешбинишударо пардохт накардаанд.

Ба гуфтаи ВКД, вақтҳои охир баъзе ронандагони воситаҳои нақлиёт, алалхусус ҷавонон дидаву дониста талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона сарфи назар намуда, ин амалҳои номатлуби худро идома медиҳанд.

Рӯйхати чунин қоидавайронкунҳо, ки “Шаҳри бехатар” сабт кардааст, аз 12 нафар иборат мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *