Гризманн дар талаби “Тӯби тиллоӣ”

Маросими ҷоизасупории “Тӯби тиллоӣ” 30-юми октябр гузарад ҳам, аз ҳоло коршиносон ва журналистони варзишӣ аз нигоҳи худ барандагони ин ҷоизаро эҳтимолан мегӯянд.

Дар ростои коршиносону журналистон фикри бархе футболбозонро ҳам пайдо кардан мумкин аст. Дар миёни онҳо андешаи фарқкунандаи ҳамлавари бошгоҳи “Атлетико” ва мунтахаби Фаронса Антуан Гризманнро пайдо кардем, ки ҷолиб аст.

Ӯ дар як суҳбаташ ба журналистон чунин иброз доштааст:

— Чун дар рӯйхати эҳтимолии барандагони ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” ҳастам, фикр мекунам бояд насиби ман гардад. Муваффақиятҳои ман ҳам дар мавсими гузашта кам набуданд. Вале агар насиби ман нашавад, пас бояд Лео Месси соҳиби ин ҷоиза гардад, зеро ӯ ҳам дар “ПСЖ” хуб ҳунарнамоӣ кард ва ҳам дар Чемпионати ҷаҳон — 2022 бо дастааш ғолиб омад.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯйхати барандагони эҳтимолии ҷоизаи мазкур Лео Месси, Эрлинг Ҳоланд ва Клиан Мбаппе се ҷои аввалро ишғол кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *