Ғолиби “баттл”-и Далершо ва Рейкл маълум шуд

Масъули ютубканали “Барори кор” Баха бо нашри наворе ғолиби “баттл”-и Далершо ва Рейклро маълум кард.

Дар “баттл”-ҳои ташкилнамудаи ютубканали “Барори кор” ғолибонро на доварон, балки тариқи овоздиҳӣ муайян мекунанд. Ин усул агар аз як ҷониб ба ташкилкунанда фоидаи молӣ орад, аз ҷониби дигар нофаҳмиҳои пас аз “баттл”-ҳоро аз байн мебарад, зеро дар аксар ҳолат “баттлерон” аз овоздиҳии доварон норозигӣ карда, шикоят мекунанд.

Ҳамин тариқ, тибқи натиҷаи овозҳо Рейкл 411 овоз ва Далершо 477 овоз гирифтаанд, ки ғолиби “баттл” Далершо дониста шуд.

Аҷобати кор дар он аст, ки лаҳзаҳои охири овоздиҳиро масъулини ютубканали “Барори кор” дар пахши мустақим гузарониданд ва то чанд дақиқа пеш Рейкл дар овозгирӣ пешсаф буд, вале пасон яку якбора мухлисони Далершо пешсаф шуданд ва ӯро ғолиб карданд.

Ҳоло дастандаркорони ютубканали “Барори кор” ягона ташкилкунандаи муҳорибаи сухан ё “баттл”-и тоҷикӣ буда, сари чанд вақт “баттлерон”-и тоҷикро ба майдон мебарорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *