Гуфтугуи марз бо Ӯзбекистон аз сар гирифта мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Тошканд Cодиқ Имомӣ – бо мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гуфтугӯ кардааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон, ин мулоқот дирӯз сурат гирифта, «тарафҳо масъалаи фаъолсозии музокирот дар бораи таъин ва аломатгузории марзи давлатиро баррасӣ намудаанд». Ҷузъиёти аз ин бештари мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Узбекистон маълум нест. Баъди маргипрезиденти собиқи Узбекистон, дар тақрибан се моҳи пеш зоҳиран муносибати Тоҷикистону Узбекистон ба марҳилаи нав ворид мешавад. То кунун як гурӯҳ аз тоҷирони узбекистонӣ ба вилояти Суғд омада, вазири корҳои хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов низ дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ намуда буд. Ахиран сафири Узбекистон дар Тоҷикистон гуфт, масъалаи содда кардани низоми раводид миёни Тоҷикистону Узбекистон дар ҳоли баррасист ва интизор меравад дар моҳи ноябр як ҳайат аз Душанбе ба Тошканд равад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ