Рубл рӯ ба пастӣ овардааст

Қурби рубли русӣ дар бозори асъори Тоҷикистон давоми як моҳи охир майли поинравӣ дошта, арзиши доллар бетағйир мондааст. 

Бонкҳои Тоҷикистон имрӯз, 14-уми ноябр қурби 1000 рубли русиро 119-120 сомонӣ муайян кардаанд, ки нисбат ба нишондоди моҳи қаблӣ 6- 7 сомонӣ коҳиш ёфтааст. Бонкҳои кишвар қурби 1 доллари амрикоиро то 7,88-7,90 сомонӣ муқаррар кардаанд, ки бетағйир боқӣ мондааст.

Қурби расмии рубл ва доллар имрӯз, 14-уми ноябр дар сомонаи Бонки миллӣ мутаносибан 0,1181 ва 7,8769 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Бонки Миллӣ қурби як евроро имрӯз 8,5740 сомонӣ муайян намудааст.

Ин ниҳод шаҳрвандонро огоҳ кардааст, ки берун аз намояндагиҳои бонкҳою банкоматҳо мубодилаи асъори хориҷӣ мамнуъ буда, ҷазои маъмурию ҷиноиро дар пай дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *