Гулбибӣ Абдулхайрова: «… кирои ранҷондан надорад»

Овоза

Ман Мунис, аз ноҳияи Фархор, мухлиси ашаддии апаи Гулбибӣ ҳастам. Ҳамон Гулбибие, ки бо ҳаҷву шӯхиҳояш дили ҳазорон нафарро шод мегардонад. “Лаҳзаҳои гуворо” бе иштироки ин бонуи бозарофат рангу маъние надорад. Мо аҳли оила ҳамагӣ ташнаи ҳаҷву саҳнаҳояш ҳастем.
Ростӣ, дар бораи ин бону як гапро шунида, хеле нороҳат шудам. Мегӯянд, ки Гулбибӣ дар саҳна як зани шӯх, вале дар зиндагӣ хеле  бадқаҳру ҷиддӣ аст. Дар ҳақиқат чунин бошад?

Ҳақиқат

Вақте ки бо Гулбибӣ Абдулхайрова дар тамос шудем, бонуи ҳунар бо сабти саҳнаи нави ҳаҷвияшон машғул буданд, вале ба серкорияшон нигоҳ накарда, ба чанд суоли мо ҷавоб гардониданд.

-Апаи Гулбибӣ, мегӯянд, ки шумо дар хона зани бадқаҳру дағал ҳастед?
-(Механдад) Зиндагӣ на ҳамеша аз шодиву нишот иборат аст. Гоҳе аз хастагиву бемадорӣ ягон сухани дағал хоҳ нохоҳ аз даҳон мебарояд. Вале ба зудӣ ором шуда, узр мепурсам ва меҳрубонӣ мекунам то аз ман касе наранҷад. Ин дунёи дурӯза кирои дилранҷонӣ надорад.

-Вақти бештари худро дар хона мегузаронед ё бо кору эҷод?

-Ростӣ, аксаран дар хона нестам. Рӯзам бо корҳои эҷодӣ ва гузаронидани маъракаҳои мардум шаб мешавад.

-Ба фикратон шумо хушдомани хуб мешавед?

-Келиндор шавам, кӯшиш мекунам келинро ба мисли фарзанди худам қабул намоям. Фикр мекунам зани бад нестам, вале ба ҳар ҳол қарсак аз ду даст мешавад. Бо келин душман не, дугона мешавам!

Дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” ба ду овозаи паҳншуда, ки аз ҷониби мухлисони ҳунар ба мо ирсол гардид, аз забони худи ҳунармандон посух дарҷ гардидааст. Овозаи аввал дар мавриди паҳн шудани хабари марги ҳаҷвнигори шинохта Ҳасани Чилла ва овозаи дуюм оиди зиндагии шахсии бонуи ҳунарманд Гулбибӣ Абдулхайрова…

Дар қиссаи “Куштаи хиёнат” аз сарнавишти марде гуфта мешавад, ки се маротиба оиладор шуда, дучори хиёнати завҷаҳои худ мегардад…

“Санги тақдир”- чунин унвон дорад маводи навбатӣ дар бораи зиндагии пурдарду душвори як писарбачаи 12-сола, ки бо мошиншӯӣ қути лоямути худ ва аҳли оилаашонро ба даст меорад.

Дар маводи “Ҷӯраи каллабур” фоҷеаи марги ҷавонмарди тоҷик рӯйи авроқ оварда шудааст, ки аз дасти ҳамватану ҳаммиллати худ дар мулки ғарибӣ бераҳмонаву даҳшатнок ба қатл расонида шудааст.

Дар саҳифаи “Дарду дармон” дар мавриди мушкилоти фарбеҳии кӯдакон ва оқибатҳои он ба саволи хонанда посух гуфта мешавад.

Қиссаи “Балохоҳар” аз нақли зане навишта шудааст, ки шоҳиди ба роҳи бад рафтани хоҳарзодаи худ мегардад, вале барои аз роҳ гардониданаш коре карда наметавонад…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *