Эътирози прокурорӣ: 317 қарори раисони шаҳру навоҳии Хатлон бекор шуд

Давоми соли 2021 кам не, ба 317 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон эътирози прокурорӣ оварда шудааст. Аз ин шумора 124 қарор ба раисони феълан амалкунанда вобаста будааст.

Ин нукта имрӯз, 3-юми феврали соли ҷорӣ дар нишасти хабарии Прокуратураи вилояти Хатлон гуфта шуд.

Ҳайдарзода Шоимардон, прокурори калони бахши назорати қонунгузории замин дар як суҳбати алоҳида ба Pressa.tj гуфт, ки ба 242 қарор прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо ва ба 37 адади дигар Прокуротураи вилояти Хатлон эътироз овардаанд.

“Соли 2021 аз ҳама бештар ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои Бохтар (16), Ховалинг (29), Кӯшониён (26), Фархор (21), Дӯстӣ (22) эътирози прокурорӣ оварда шудааст”,- таъкид кард вай.

Ӯ мегӯяд, ки эътирози прокурорӣ дар соли 2021 назар ба соли 2020 андаке бештар шудааст. Ба таъкиди вай, соли 2020 ба 245 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон эътироз оварда шуда буд, ки 116 ададаш ба раисони амалкунандаи ҳавон вақт тааллуқ дошт.

Ба ин суол, ки нисбати ягон раиси шаҳру ноҳия барои қарорҳои ғайриқонунӣ вобаста ба замин парванда боз шудааст ё не, Валӣ Ваҳобов, муовини прокурори вилояти Хатлон чунин посух гуфт: “Нисбати муовин, роҳбарони кумитаи идораи замин ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот парванда боз шудааст. Вале нисбат ба раисони шаҳру ноҳияҳо ягон парванда боз накардаем”.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *