Гулбиддин Ҳикматёр чӣ мехоҳад ва оё Эрон аз ӯ пуштибонӣ мекунад?
Ҷониби Эрон низ сафари раҳбари Ҳизби исломии Афғонистонро таъйид кард.
Аз сафари Гулбиддин Ҳикматёр расонаҳои Афғонистон менависанд, ки раҳбари Ҳизби Исломӣ барои мулоқот бо мақомоти Эрон ба Теҳрон рафтааст.
Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳикматёр хабареро таъйид карда, гуфтааст, ки ӯ барои ҳамеша нарафтааст ва бармегардад.
Вазорати умури хориҷии Эрон низ сафари ӯро ба Теҳрон расман таъйид кард.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Хатибзода дар робита ба сафари Гулбиддин Ҳикматёр ба Теҳрон гуфтааст, ки сафари чеҳраҳои афғон ба Эрон нав нест ва Теҳрон пайваста мизбони чеҳраҳои мухталифи афғон аст.
Бино ба гуфтаи ӯ, ки “мо ҳамчунон пойгоҳе барои музокироти байни афғонҳо хоҳем буд”.
Вале, дар бораи бо кӣ дидор кардани Ҳикматёр, ки аз ҷонибдорони сарсахти толибон аст, то кунун дақиқ нест.
Бино ба иттилои коршиносон, ӯ аз номи толибон рафтааст, то бо мақомҳои эронӣ дар бораи вазъи сиёсии Афғонистон, ки бо сар шудани баҳор душвор мешавад, мулоқот кунад, то Ҷабҳаи муқовиматро дигарбора ба мизи музокирот шинонанд.
Ахиран Эрон тайи чанд моҳ талош дорад миёни Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон миёнҷигарӣ кунад, ки дар ин самт як дидоре ҳам доир гардид, аммо бидуни натиҷа буд.
Ҳикматёр ибрози назар карда буд, ки ҳизби ӯ намехоҳад дар ҳукумати толибон ширкат кунад, аммо бидуни қайду шарт аз он ҳимоят мекунад.
Вай дар гузашта зидди муқовимати аввал буд , ҳоло зидди муқовимати дуввум аст ва аз толибон пуштибонӣ мекунад.
Қаблан ӯ гуфта буд, Худованд аз ҳукумате, ки бо ҷабҳа созиш мекунад, рӯй мегардонад ва ҳамзамон тими муқовиматро «кӯлобнишинон» унвон карда таъкид кард, ки кушодани дафтарҳои муқовимат дар дигар кишварҳо аз ҷумла Тоҷикистон ҷиддӣ гирифта шавад.
Яке аз чеҳраҳои зиддитоҷиконӣ дар Афғонистон Гулбиддин Ҳикматёр аст. Вай бо пуштибонӣ аз Покистон, қаблан низ зидди Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал ва ҳукумати устод Бурҳониддин Раббонӣ ҷангидааст.
Ин мард баъди суқути қаблии Кобул ба Тоҷикистон фирор кард ва баъдан бо кумаки Душанбе ба Теҳрон рафт.
Сарвазири Покистон Имрон Хон низ иқрор шуд, ки Ҳикматёр дар муборизаҳо бар зидди Масъуд аз Покистон дастгирӣ меёфт.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон пас аз суқути ҳукумати қаблии Афғонистон дар таърихи 15-уми август дар вилояти Панҷшер таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд — фарзанди қаҳрамони миллӣ Аҳмадшоҳи Масъуд эълони мавҷудият кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ