Баррасии пешниҳоди хулосаи объективӣ ва муқовимат бо COVID-19

Бо мақсади арзёбии самаранокии татбиқи лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба COVID-19 дар Тоҷикистон (TEC-19), пешниҳоди хулосаи объективӣ ва таҳияи тавсияҳо оид ба минбаъд беҳтар намудани сифати фаъолияти лоиҳаи мазкур вохӯрии намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дафтари Гуруҳи татбиқи лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба COVID-19 дар Тоҷикистон (ТЕС-19) бо намояндагони Маркази тадқиқотӣ-таҳлилии «Зеркало», ки ҳамчун мониторинги тарафи сеюм (МТС) ҷалб карда шудааст, баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии кишвар, мақсади вохӯрӣ — ин муҳокимаи натиҷаҳои бадастовардаи кории гуруҳи мониторинги тарафи сеюм (МТС) ва ҳамчунин таъсиси Гуруҳи кории муштарак мебошад, ки бояд бо иштироки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гуруҳи Татбиқи лоиҳаи ТЕС-19 ва «Зеркало» дар таҳияи минбаъдаи механизми фарогирӣ ва иртибот ба ҷомеа фаъолият барад ва вокунишро ба саволҳои муҳимтарини сокинон нисбати сирояти коронавирус пешниход намояд.

— Иштирокчиён чораҳои минбаъдаи муштарак ва роҳҳои беҳтар кардани ҳамкориҳо бо мардуми кишварро дар мубориза бар зидди сирояти коронавирус баррасӣ карданд. Бояд гуфт, ки айни замон веб-сайти covid.zerkalo.tj таъсис дода шудааст, ки дар он хабарҳо оид ба ҳамкориҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гуруҳи татбиқи Лоиҳа ва Мониторинги сеюм ҷой дода мешавад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *