ГУЛЧИНЕ АЗ АСАРИ АСР НАЗАРИЯИ МУТАФАККИРОНИ ПЕШАЗМЕЛОДЇ ВА ФАЙЛАСУФОНУ КЛАССИКЊОИ ЌАДИМАВУ МУОСИР, НИСБАТИ ДАВЛАТУ ДАВЛАТДОРЇ.
(Идомаи мақола )
Фитнаангезон бо бањонаи интихоби Президент тавонистанд, ки дар давлатњои Либиёву Суриё, Ироќу Яману Украин байни мардумон тафриќа андохта, ин давлатњоро ба нобудї оварда расонанд, ки ин барои мардумони бофарњангу худогоњи кишвари азизамон, дарси ибрат аст.
Мардумони њар кишварро мебояд «Шоњ»-ро аз љону аз фарзандонашон дида дўсттар доранд, зеро «Шоњ» дар мулки Ватан, ба манзалаи «Љон»-и љонњост.
Молики њар як мулкро, яъне Шоњро низ мебояд њар як шањрванди кишварашро баробари ањли хонадонаш азизу гиромї дорад, чунки пойдориву нерумандии подшоњон, аз мардумони њамон мулку мамлакат вобастаги дорад. Магар љони дар бадан будаамон метавонад яке аз узвњои баданамонро дўст надорад? Аллбата не!
Њаммаи узвњои бадан, шабу рўз дар хидмати «Љон»- анд, то ки «Љон» нерўманду побарљой бошад ва «Љон» дар мулки Ватан, фаќат «Шоњ» аст.
Дар баёни ин маънї Низомии Ганљавї гуфтааст:
Хатарњост дар кори Шоњон басе,
Ки бо Шоњ хеши надорад касе. Чу аз кинае барфурўзанд чењр, Ба фарзанди худ барнаёранд мењр Насињат мувофиќ бувад Шоњро, Гар аз кибр холи кунад гоњро. Њаким Фирдавсии Тўси низ мефармояд: Агар чанд бошад сарафроз Шоњ, Ба дастур гардад дилоройи гоњ.
Раъият чу беханду Султон дарахт,
Дарахт эй Шањам бошад аз бех сахт.
Ту мапсанд фарзандро љои ў,
Чу љон дор мењри дилорои ў,
Љањонро дил аз Шоњ хандон бувад,
Ки бар чењри Ў, фарри Яздон бувад.
Муслињиддин Саъдии нозукбаён низ гуфта аст:
Бани одам яъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавњаранд.
Чу узве ба дард оварад рўзгор,
Дигар узвњоро намонад ќарор.
Ту к-аз мењнати дигарон беѓамї,
Нашояд, ки номат нињанд одамї.
Хуросон мулки Љамшед аст ва мо аз айёми Љамшеду Фаредун, шоњу шоњигари доштем. Он истиќлолияте, ки соли 1991 эълон гардидааст он барќарорсозї ва идомаи давлатдории ниёгони Хуросони бостонию Тољикон амсоли, Пешдодиёну Ќубодиёну Сосониёну Тоњириёну Сомониён мебошад, ки ќалами сарнавишт, чунин рафта будааст. Амрикоињо 270 — солагии таърихи давлатдорияшонро љашн гирифта бошанд, мо 3000 солагии Њисору 2700 солагии Кўлобу 2500 солагии Истаравшанро љашн гирифтаем, ки ин таърихи андак нест.
Ќитъаи Амрикоро Христофор Колумб дар нимаи охири асри XV кашф намуда буд ва Амрико мардумони тањљоии худро надорад.
Аз пайдоиши оламу одам дар њамаи китобњои муќаддас Худованд одамонро дар олами боќї бо «Бињишт» умедвор сохта ва бо «Дўзах» њушдор додааст. Васфи «бињишт»-у«дўзах»-ро њамагон медонанд ва Худованд худ подшоњи рўзи охират аст. Ќуръони маљид њам бо њамин маънї оѓоз меёбад ва бо њамин маънї ба итмом мерасад. Ќуръон сур1.оят.3. Ќуръон сур114.оят. 2.
Пас ин бињишти рўи заминро низ мебояд Подшоње дошта бошад, ки то рўзи шумор, мардумонро рањбариву рањнамої намояд.
Аз шахсони худшиносу худогоњ суол мекунам:
Он бињиште, ки Худованд дар олами боќї ваъда кардаву бандагонашро умедвор сохтааст, аз Тољикистони имрўзаи мо чї фарќияте дорад? Ва ё он дўзахе, ки Худованд бо он одамонро дар олами боќї њушдор додааст аз Либиёву Суриёву Ироќу Яману Украини имрўза чї фарќияте дорад?
Фарќ танњо дар он аст, ки инњо «бињишт»-у «дўзах»-и наќданду онњо «бињишт»-у «дўзах»-и нася. Мардумони бохираду худогоњ наќдро аз нася авлотар дониста, дар тўли њаёти мањдудашон фаќат амалњои хайру совобро анљом медињанд..
Дар достонњои китобњои муќаддасу бадеъї омадааст, ки аз пайдоиши оламу одам касе мурдан намехост. Вале марг амали маъмулии табиат буда, барои њамаи љонзоди олам ногузир аст, чуноне, ки Амир Хусрави Дењлавї мегўяд: Чу ѓамро карона падидор нест, Бењ аз шод будан, дигар корн нест. Касоне, ки рахт аз љањон бурдаанд, Њама дар ѓами зиндагї мурдаанд. Кењу мењ талабгори умранду бас, Ба мурдан наояд касеро њавас. Дирам дар љањон бањри хуш хурдан аст, На аз бањри зери замин кардан аст. Зареро, ки дар гўр карди ба зўр, Чу гўрат кунанд, сар барорад зи гўр.
Барои њамин њам, њамаи китобњои муќаддас хоса Ќуръон, умри азизро ѓанимат дониста, фаќат амалњои хайру савобро ташвиќу тарѓиб менамояд. Дар нозукии ин баён Хайёми њаким гуфтааст.
Дил, гарчи њайёти малакути донист, Дар марг њам, асрори Илоњї донист. Имрўз, ки бо худи, надонистї њељ, Фардо, ки зи худ равї, чї хоњї донист.
ва ё дар љои дигар:
Дил гуфт, маро илми ладунї њавас аст,
Таълим бикун, агар туро дастрас аст.
Гуфтам ки: «Алиф», гуфт: дигар њељ нагў,
Дар хона агар «Кас» аст, як «њарф» бас аст
Ба ќавли њаким Фирдавсии Тўсї замоне расидаст, ки:
Бар оини «Шоњони» пешин равем,
Зи фарзонагон неку бад бишнавем. Аз имрўз коре ба фардо мамон, Ки донад, ки фардо чи гардад замон?
Бо ин ќадар далелу бурњон, ба шахсиятњои бофарњангу худшиносу худогоњи љўмњуриямон пешнињод менамоям:
Ин њадяи Яздониеро њамчун, Имом Алиї Рањмон, ки баъд аз сарнагун сохатни давлати Сомониён ва ба сари ќудрат омадани Сабуктегин соли 999, баъд аз пош хўрдани Тољиёни бофарњангу худогоњ дар кураи замин, аниќтараш, баъд аз 1000 сол бо њукми ќазову ќадар ба мо насибу рўзї гардидааст, азизаш бидорему бегонапарастї накарда якдилона «Шоњ» эълон намоему соњибистиќлол будани давлатамонро ба љањониён муаррифи намоем. Дар кураи замин дар миёни 272 давлати мустаќили рўи олам, хоса дар Аврупои марказию Африќову Аморати Араб аксар давлатњое њастанд, ки масоњаташон нисбати Тољикистон борњо камтар буда, шумораи ањолии кишварашон низ аз чоряки нуфуси давлати мо дида камтар аст, вале тарзи давлатдориашон бо тариќи шоњигарї амал менамояд, ки ин аз рўи аќлу хирад аст. Бо амри сарнавишт баъд аз 1000 сол давлати мустаъќиламонро бори дигар эњё намудем. Ќањрамонии абармардони таърихан машњури Тољиконро, амсоли Куруши Кабиру Дорову Сосониёну Тоњириёну Сомониёнро бори дигар ба љањониён муаррифи намуда, таърихи фарњангу адабиёти аз ёдњои ањли башар рафтаро умри дубора бахшидем. Пас чаро шоњигарии пешазмелодиамонро низ эњё насозем?
Ин гуфторро барои он «Асари Аср» ном нињодем, ки ба дили равшанфикрону шуъурњои олии кишвари азизамон таъсири маънавї расонаду дар оѓози асри XXI бо љиддияту самимият сари ин масъалаи мубраму зарури рўзгор љиддан андешаронї намуда, Шоњигарии давлати куњанфарњанги тозабунёдамонро дар амал татбиќ намоянд.
Мафњуми «Асар» худ маънои таъсир намуданро дорад, ки ба дили хонандагону љамъияти атроф таъсири маънавию илмї расонаду мардумон аз рўи он гуфтањои бузургони олам, амал намоянд, чуноне, ки шоир гуфтааст:
Аз нолаи ман санг ба фарёд омад,
К-андар дили ту намекунад њељ «асар».
ва ё маќоли њазломези халќие њаст,ки;
Бе пул суханат, «асар» надорад.
Мафњуми «Аср» бошад маънои «давру замон» гуфтанро дорад, ки дар тўли асрњо аз забони арабї ба забони мо ворид гардидааст.
Замоне, ки зулмату торикї Ватанро фаро гирифта буд, арзишњои инсониву фазилат,поймол гардида буданд.
Мардумон гуреза шуда, ба сарнавишти сиёњи худ хун мегиристанд. Вале боз њам умедвор буда, чашм ба роњи марде буданд, ки аз ѓайб берун ояду коре бикунад ва рањбарии љомеаро бар дўши худ бигирад.
Замоне, ки раёсати давлату њукуматро касе ба зимма гирифтан намехост, муњтарам Имом Алиї Рањмон љасурона, љонашро фидои халќи азизаш намуда, сарварии давлатро бар дўши худ гирифт. Аз рўи ривоятњои Ќуръонї ба пайёмбари Ислом (д) дар синни 40 солагї, вањйи Худованд нозил шуда буд ва муњтарам Имом Алии Рањмон низ дар синни 40 солагї ба сарварии давлатамон мушарраф гардидаанд. Магар ин бо њуќми ќазову ќадар нест? Сесияи XVI– уми Шуъурњои Олї, њамчун сесияи «таќдирсоз» дар таърихи Љумњуриамон номгузорї шудааст. Магар ин бо њукми ќазову ќадар нест?
Мафњуми калимаи «љамњур» ин аст, ки «њурон – фариштагон» дар рўи замин љамъ омада, барои худ бињиште меофаранд ва ман ин бињиштро дар сарзамини «Тољиён» мебинам.
Мафњуми калимаи Тољ-ик, Тољ-ак гуфтан аст, ки решаи калима «Тољ» буда пасоянди «ак» навозишмандонаву њалимона талаффуз намудани «Тољ»-ї мебошад.
Дар забони гуфтугўии мо ќабул гардидааст, ки мард-ро њалимона «мардак» мегўянду зан-ро мењрубонона «занак» мегўянд ва ин гуна гуфтор дар миёни мардумони мо зиёд аст. Вале миллати мо узви људонашавандаи «Порс»-и ќадим асту забонамон «Пањлавї». Азбаски аз сулолаву нажоди тољдорону озодазодагонем, барои хамин њам моро «Тољ»-ї меноманд.
Тољиёнро кўчаку андак тасаввур накунед. Гарчанде шумораи нуфуси ањолї дар миќёси љумњуриамон нуњ (9) миллион нафар ба ќайд гирифта шуда бошад њам, дар асл шумораи Тољиёне, ки аз даврони Мањмуди Ѓазнавию Чингиз, Темурлангу Ленину Сталин фироригаштаи дар рўи олам пошхурда, бидуни Тољиёни махлутшуда, зиёда аз 300 миллионанд.
Тољиёни Афѓонистон аз Тољиёни ватанї дида зиёданд. Тољиёни узбекшудаи Узбекистон аз тољиёни ватанї дида зиёданд. Тољиёни Чинї, аз тољиёни ватанї дида зиёданд. Тољиёни бумии Туркманистону Ќазоќистону Ќирѓизистон аз Тољиёни ватанї дида зиёданд. Тољиёни Њинду Покистон, Ирону Арабистон аз тољиёни ватанї дида, дањчанд зиёданд.
Бо гардиши айём балки дар 272 давлати мустаќили рўи олам Тољиёни бо сабабњои мухталиф аз ватани аљдодияшон фирорї шудаву дигар мамолики љањонро маскани зист интихоб намударо вохўрдан мумкин аст, вале дилу љонашон нигарони ватани аљдодиашон мебошад. Воќеият ин буд, ки дар охири асри 19 ва аввали асри 20-ум, ду императории абарќудрат, Бритониёи Кабиру шоњигарии Рус, барои таъмини бехатарии хеш тасмим гирифтанд, кї кишвареро бо номи Афѓонистон, њамчун сипар (буфер) бунёд кунанд. Дар натиљаи ин таќсимбандї бештар аз њама миллати Тољик зиён дид. Ин ду императории абарќудрат њељ таваљљуње ба таъриху фарњанг, эътиќоду ќавмият ва вазъи мардуми ин сарзамин надоштанд, ба љуз аз ањдофи империалистонаи худхоњи хеш. Имрўзњо, ки мебинем, њам тааљубовар ва њам аламовар аст, ки як ќисми тољикон дар Тољикистон ва ќисми дигар дар Ўзбекистону Афѓонистон ва Чину Покистон мебошанд. Ва аз ин њам дањшатноктар он аст, ки мо ќариб, ки равобити миллї-фањангї байни њамдигар надорем. Ҳар як Тољик дар кадом як гўшаву канори олам умр ба сар набарад, аз сарчашмаи як таърих, фарњанг ва забон об мехурад. Тољикони дигар давлатњои рўи олам ќавм, ќабила нестанд, балки номи хоси тољикона доранд. Бо амри сарнавиш тољикони дигар мамолики рўи олам шањрвандони њамон давлату мамлакат ба шумор мераванд, аммо њуввияти хоси худро доранд-«Тољик». Онњо худро љузъе аз шањрвандони њамон давлату мамлакат мењисобанд, ватанашонро дўст медоранд ва ба он содиќона хидмат мекунанд, аммо хоњони онанд, ки онњоро њамон гуна эътироф кунанд, ки буданд ва дар асл, њастанд, Тољик. Дар замони репрессияи Сталинї барои он ки тамаддуни ќадимаамонро аз байн бибаранд, шахсони бомаърифату донишмандро «Мулло» гуфта нобуд месохтанд. Мардумони бофарњангу худогоњ ба ин бедодгарињо тоб наоварда иљборан ватани аљдодиашонро тарк менамуданд.
Дар мавриди «Шоњ» эълон намудани Љаноби Олї ва Шоњигарї эълон намудани давлатамон, рўњияи мардумони дохили кишварамон ва руњияи зиёда аз 300 миллион Тољиёни бурунмарзии бо сабабњои мухталиф аз ватани аљдоди фирорї гаштаву дур аз ватан умр ба сар бурдаро болида мегардонем.
Мо ба «Шоњ» доштан «Њаќ» дорем ва тамоми маорифпарварону равшандилони рўи олам, ба мо ин «Њаќ»-ро медињанд. Зеро, аз замони Љамшед шуруъ шуда то Фаредуну Куруши Кабир, Дорову Яздигирд, Кай Ќубоду Кай Хусрав, Сосониёну Тоњириёну Сомониён «Шоњ» доштему њукумат меронданд, ки ин барои наслњои бофарњангу худшинос дарси ибрат аст.
Дар ањди Дорои 3, ду китоби «Вусто» яъне шакли арабишудаи «Авасто» мављуд буд. Искандари Маќдунї барои аз байн бурдани тамаддуни Порсњои ќадима, якеро сўзонду дигареро бо њамсараш Равшанак, духтари Дорои-3, бо садњо ароба зару зевар ва тарљумонњо ба Маќдуния фиристод,чуноне,ки Њакими Ганљавї мегўяд:
Кутубхонаи Порсї њарчи буд,
Ишорат чунон шуд, ки оранд зуд.
Суханњои сарбаста аз њар даре,
Зи њар њикмате сохта дафтаре.
Ба Юнон фиристод, бо тарљумон,
Набишт аз забоне ба дигар забон.
То сарнагун сохтани давлатдории Дорои III шоњи Маќдуния Филипп, падари Искандари Маќдунї њар сол ба Порс хирољ медод.
Дар асоси Китоби Вустои Порсиёни ќадим, Маќдуниягињо ба худ тамаддун сохтанд. 830- сол баъд аз Дорои-3 бо мањслињати Бузургмењри Њаким, Хусрави-1 Нушинравон, дар 12 њазор пўсти гов, китоби муќаддаси Вусторо бо забони Пањлавї барќарор намуд.
Мафњуми калимаи «Пањлавон» маънои «Пањлавиён» гуфтанро дорад, мафњуми маслињат бошад «ман салоњу некии кор»-ро медонам гуфтан аст. Салоњу пойдории олам дар китобњои муќаддасу бадеъии ба ёдгор гузоштаи бузургони ниёгон мебошад, кї мардумон аз рўи назария-теорияи бузургон амал намоянд. Салоњи њар як мулку мамлакат бошад, аз бомаърифативу худогоњии мардумони њамон мулку мамлакат вобастагї дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ