19 декабр -Рӯзи байналмилалии кумак ба камбизоатон

Ба хотири кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷаҳон аз соли 1995 бо қарори Созмони Милали Мутаҳид  ҳамасола   19 декабр  Рӯзи байналмилалии кумак ба камбизоатон таҷлил мегардад.

Ба иттилои коршиносони байналмилалӣ, дар охири асри 20 беш аз чоряк ҳиссаи аҳолии ҷаҳон, яъне якуним миллиард одамон ба камбизоатӣ  гирифтор  шудаанд. Тадқиқоти гузаронида нишон медиҳанд, ки аз соли  1999 то 2007 дар ҷаҳон аз камбизоатӣ беш аз 300 миллион нафар вафот кардаанд.  Ба ин хотир СММ баҳри кам гардонидани ин мушкилот   якчанд барномаҳо қабул карда, корҳои назаррасеро дар ин самт анҷом додааст.

Бояд гуфт, ки таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ва ё паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад. Дар ин самт Ҳукумати мамлакат тамоми захираву имкониятҳоро барои расидан ба ҳадафҳои гузошта сафарбар менамояд.

Борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ иброз доштаанд, ки  «мо мақсад дорем, ки то соли 2030 бо истифода аз тамоми имконоту захираҳои мавҷуда маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба ҳар сари аҳолӣ то 3 баробар афзоиш дода, сатҳи камбизоатиро беш аз ду баробар коҳиш диҳем ва ҳиссаи аҳолии дорои даромади миёнаро аз 22 то 50 фоиз зиёд намоем».

Тавре дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори раёсати кафолати кумакҳои иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Набиҷон Ҷӯраев иброз дошт, дар ҷумҳурӣ тибқи се қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат таъйин ва пардохт карда мешаванд. Инҳо  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пардохти кумакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд»,  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тақвияти кумакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» (таъйин ва пардохти ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ)  ва  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» мебошанд.

«Шурӯъ аз соли 2001 ба оилаҳои камбизоате, ки кӯдаконашон дар мактабҳои  таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд, кумакпулӣ ва аз соли 2004 барои истифодаи қувваи барқу гази табиии онҳо ҷубронпулӣ таъйин ва пардохт карда мешавад. Айни замон дар 40 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бар ивази ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо ба оилаҳои мазкур кумакҳои унвонию иҷтимоӣ ҷорӣ карда шуда, дар назар аст, ки  соли оянда ин низом дар қаламрави ҷумҳурӣ пурра амалӣ карда шавад»,-гуфт Набиҷон Ҷӯраев.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо,  кумакпулӣ ба хонандагони ниёзманд, инчунин дар  маҳалли   зист  ба   оилаҳо ва шаҳрвандоне,   ки даромади   миёнаи   моҳонаи ҳар як аъзои оила (ё шаҳрванд) аз 50 фоизи андозаи ҳадди ақали музди меҳнати муқарраргардида паст ва ё ба он баробар мебошад, таъйин карда мешавад.

«Барои  муайян намудани оилаҳои камбизоат ҷиҳати  таъйин ва пардохти ҷубронпулӣ  барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, идораҳои манзилию коммуналӣ комиссияҳои маҳаллӣ ва дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо комиссияҳо таъсис дода мешаванд. Шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат ба комиссияҳои маҳаллӣ муроҷиат намуда, ба рӯйхат гирифта мешаванд. Тибқи тавсияи онҳо рӯйхатҳо аз ҷониби комиссияҳои шаҳриву ноҳиявӣ ҳар ду моҳ тасдиқ карда мешаванд ва барои пардохти ҷубронпулӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости молиявӣ пешниҳод менамоянд», — иброз дошт мусоҳиб.

Инчунин мавсуф зикр намуд, ки «оилаҳои бесаробонмондаи серфарзанд, ки фарзандони ноболиғ доранд, оилаҳое, ки ду ва ё зиёда аъзои маъюб доранд, аз ҷумла оилаҳое, ки сарварашон маъюби ғайри қобили кор аст, ҳамчунин пиронсолон  ва маъюбони яккаву танҳо, ки даромади миёнаи моҳонаи ҳар як аъзои оила  ( шаҳрванд) аз 50 фоизи андозаи музди меҳнати миёнаи маҳалли зисташон кам ё ба он баробар мебошад, ба гирифтани ҷубронпулӣ ҳуқуқи афзалиятнок доранд».

Ба гуфтаи Набиҷон Ҷӯраев,  «камбудии асосии ин механизм  набудани омори даромади аҳолӣ ва ҳуҷҷатгузории хеле мураккаб мебошад. Барои таъйин намудани  кумакпулӣ ба оилаи камбизоат зарур меояд, ки ҳуҷҷатҳои бисёре ҷамъоварӣ шаванд. Барои ба даст овардани як қатор ҳуҷҷатҳо маблағ ва вақти зиёдатӣ сарф мешавад. Аз ин сабаб бисёр оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат аз кумакпулӣ  бо хоҳиши худ даст мекашанд».

Ба иттилои  Н. Ҷӯраев, «таҳлили ҳисоботи пешакӣ нишон медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ айни замон ба 106  ҳазору 862 нафар хонандагони оилаҳои ниёзманд ба маблағи 2 миллиону 95 ҳазору  580 сомонӣ ва ба 98 ҳазору 439 оила ва шаҳрвандони камбизоат ба маблағи зиёда аз 37 миллион   сомонӣ ҷубронпулӣ  таъйин ва пардохт карда шудааст».

Бояд гуфт, ки тамоми самтҳои фаъолияти дохилию хориҷии имрӯзаи Ҳукумат ба таъмини амнияти миллӣ, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, густариши муносибатҳои дипломатӣ ба хотири паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ равона шудааст.

Аз ин хотир дар Стратегияи миллии рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли  2030 масъалаҳои афзоиш додани  суръати рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, масъалаҳои ҳифзи манфиат ва ҳуқуқҳои кормандон ҳамчун омили муҳиму самаранок дар роҳи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар пешбинӣ гардидааст.

Бознашри маводи Ибодат ДАВЛАТЗОДА аз АМИТ «Ховар»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *