Гулистон: 20 ҳазор сомонӣ ҷарима барои риоя накардани танзим
Дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чор нафар шаҳрвандон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Барои қонуншиканӣ дар баргузории тӯй ва маросимҳо аз ин 4 шаҳрванд ба маблағи 20000(бистҳазор) сомонӣ ҷарима ситонида шуд.
Имрӯз зимни нишасти хабарӣ бо журналистон раиси шаҳр Матлуба Сатториён гуфт, ки давоми соли 2017 дар маҷмӯъ 657 маъракаҳои гуногун, аз ҷумла 465 тӯйи домодию арӯсӣ, 97 хатнасур, 56 маросими чил ва 39 маъракаи сол баргузор гардидааст. Бобати кӯмак ба оилаҳои камбизоату ниёзманд дар баргузории тӯй ва маъракаҳо Сатториён афзуд, ки хатнасури 35 нафар писарчаҳои оилаҳои камбизоат ва як тӯйи домодию арӯсӣ дар шаҳр бо кӯмаки МИҲД-и шаҳри Гулистон гузаронида шудааст.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ