Мансабдорони фарбеҳро аз мақом барканор мекунанд

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар доираи як сафари корӣ дар вилояти Балкани ин кишвар қарор дорад. Интизор меравад, ӯ дар ҷараёни ин сафар тағйироти кадриеро низ анҷом диҳад. Ба гуфтаи манобеъ аз Ишқобод, номзадҳо дар ҳоли ҳозир, аз ташхиси тиббӣ мегузаранд ва шахсони фарбеҳро аз рӯйхат хат мезананд.

Ибтидои моҳи январ Бердимуҳаммадов даҳҳо раисони навоҳӣ ва муовинонашонро иваз кард. Яке аз наздикони номзади пешин ба мақоми раисии ноҳия тартиби интихоби кадрҳоро шарҳ дод.

«Дар миёни кадрҳое, ки 8 январ ба вазифаҳои нав таъйин шуданд, шахсоне ҳам буданд, ки бори аввал ба мақоме интихоб гаштанд. Бо онҳо кормандони дастгоҳи президент корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Аз ҷумла фаҳмонданд, ки дар сурати ба онҳо сухан доданд, бояд чи бигӯянд. Дар миёнашон яке аз хешони мо низ буд. Аз ҳама аҷибаш ин буд, ки вақти аз ташхиси тиббӣ гузаронидан бештар ба вазни онҳо аҳамият медодаанд. Яъне, шахсони фарбеҳро зуд аз рӯйхат берун мекунанд», — изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи вай, ба далели ин шарти озмун хеши онҳо моҳҳо талош кардааст, то вазни худро кам кунад. «Ӯ гуфт номзадҳои ояндаро низ бо ин усул интихоб хоҳанд кард», — афзуд вай.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *