ГУЛМАҲМАДЗОДА:Сафӣ аз тоҷикон узр пурсад

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон изҳороти Умар Сафӣ, собиқ губернатори Кундузро дар бораи таъмири танку техникаи низомии Толибон дар Тоҷикистон беасос хонд.

Гулмаҳмадзода имрӯз, 9-уми январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, давлати Тоҷикистон пайваста барои ҳалли мусолиматомези мушкилоти Афғонистон талош мекунад ва изҳороти собиқ раиси Кундуз туҳмате беш нест ва барои он бояд Сафӣ аз халқи тоҷик узр пурсад. Ӯ интиқоли техникаи ҳарбии Толибон аз Афғонистонро ба Тоҷикистон тариқи дарёи Панҷ ғайриимкон ва хилофи сиёсати ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди Афғонистон хонд.

Қаблан Умар Сафӣ дар суҳбат бо расонаҳои паштузабон гуфт, ки техники низомии Толибон дар қаламрави Тоҷикистон аз сӯи мутахассисони рус таъмир мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *