Гулмурод Ҳалимовро боз куштанд
Вазорати дифои Русия рӯзи 8 сентябр хабар дод, ки бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои Русия дар шаҳри Дайруззори Сурия ҳудуди 40 ҷангҷӯи ДОИШ, аз ҷумла «вазири ҷанг”-и ин созмони тундрав полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов кушта шудаанд. Дар моҳҳои охир ин бори дуюм аст, ки хабари ҳалокати Гулмурод Ҳалимов нашр мешавад.
Вазорати дифои Русия рӯзи 8 сентябр хабар дод, ки ҳамлаи ҳавоии нирӯҳои Русия дар минтақаи шаҳри Дайруззори Сурия ҳудуди 40 ҷангҷӯи созмони тундрави «Давлати исломӣ” (ДОИШ), бо шумули 4 фармондеҳи аршадашро кушта барҷой гузошт.
Мақомоти Русия мегӯянд, рӯзи 5 сентябр иттилое дарёфт кардаанд, ки фармондеҳони аршади ДОИШ дар Дайруззор ҷаласа доир мекунанд. Мақомоти низомии Русия мегӯянд, ҳавопаймои ҷангии Русия аз пойгоҳи Хмеймим ба қасди ҳамин макони ҷаласаи фармондеҳони ДОИШ ба парвоз хест ва тавонист ҳадафро дақиқ асобат кунад.
Вазорати дифои Русия дар иттилоияи расмиаш мегӯяд, «муайян карда шуд, ки дар ин ҷаласа «вазири ҷанг”-и созмони байналмилалии террористии ДОИШ Гулмурод Ҳалимов низ ҳузур дошт ва ӯ бар асари ҷароҳати муҳлики бардоштааш ба ҳалокат расидааст.”
Вазорати дифои Русия меафзояд, «бар асоси маълумоти тасдиқшуда, дар байни ҷангҷӯёни кушташуда 4 фармондеҳи пурнуфузи саҳроӣ, аз ҷумла амири Дайруззор Абӯ Муҳаммад Аш-Шимолӣ, ки масъули таъмини молӣ ва интиқоли ҷангиёни нави ҷалбшуда ба тамрингоҳҳои ДОИШ буд, ҳастанд.”
Дар ин авохир ин бори дувум аст, ки дар бораи кушта шудани полковник Гулмурод Ҳалимов, ки дар байни ҷангҷӯёни ДОИШ бо лақаби Ал-Тоҷикӣ маъруф аст, гузоришҳо нашр мешаванд. Моҳи апрел матбуоти Бритониё бо такя ба манобеи амниятии Ироқ хабар дода буд, ки Гулмурод Ҳалимов, ки фармондеҳии нирӯҳои ДОИШ дар ҷабҳаи Мосулро бар ӯҳда дошт, дар ибтидои моҳи апрел бар асари ҳамлаи мушакии нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико кушта шудааст.
Аммо дар моҳи июл ду фармондеҳи ҷангҷӯёни тоҷик дар Сурияву Ироқ, аз ҷумла Парвиз Сайраҳмонов тавассути Интернет инро рад карданд ва гуфтанд, Гулмурод Ҳалимов зинда аст. Ба дунбол як акси нави ин полковники фирорӣ ҳамроҳи духтараш нашр шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ