400-сомонӣ теи як шаб хизмат мекунам-мегӯяд ҷавонзане ба ханда

«Гуфтам-ку барои як соат 150 сомонӣ. Барои як шаб 400 сомонӣ. Агар розӣ набошӣ, маро аз зиндагиям намонон, «— мегӯяд танфурӯше дар маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд ҳангоми «савдо» бо муштарии навбатӣ.

Ҷавонмарди дигар аз дискоклуб баромада ба касе занг зад ва гуфт, ӯ 140 сомонӣ мегӯяд, ин хеле қиммат аст.

Дар маҳаллаи 34 ва 31-уми шаҳри Хуҷанд тақрибан ҳар рӯз аз соати ҳафти бегоҳ ҳодисаҳои ба фарҳанги тоҷикона бегонаро сари қадам мушоҳида кардан мумкин аст. Чанд вақт ба ин сӯ танфурӯшон дар кӯча бо овози баланд нархҳояшонро ба харидоронашон мегӯянд. Мардуми раҳгузар аз рӯирост гаштани амали онҳо дар ҳайратанд.

Тавре мушоҳида кардем, аксари танфурӯшон дар лаб сигор дошта, дар дискоклубҳо пиво ва шароби зиёд истеъмол мекунанд ва баъд ба кӯча мебароянд. Харидорони онҳо дар қади кӯчаҳо бо танфурӯшон шартнома карда, онҳоро бо таксӣ ва мошинҳои шахсӣ мебаранд.

Байни танфурӯшон занҳои ниҳоят ҷавон низ ҳастанд, ки майзадаву парешонҳол дар қади кӯчаҳо ба назар мерасанд.

Бо Маҳина ном танфурӯш, ки хеле ҷавон аст, ҳамсӯҳбат гаштем. Гарчанде зиёд савол кардем, ки чаро ба чунин роҳ рафтааст ва чаро ҳаёташро доғдор сохтааст?, Маҳина посухе нагуфт. Аммо аз нигоҳ ва хомӯшии ин зани ҷавон маълум буд, ки ӯ аз роҳи интихобкардааш бисёр пушаймон аст. Байни дигар танфурӯшон Маҳина ҷавонтарин буд ва синни ӯ ҳатто ба 25 нарасидааст.

Азбаски танфурӯшон аз сӯҳбати рӯбарӯ худдорӣ мекарданд, мо аз як канор ба гуфтугӯи байни онҳо гӯш додем. Яке аз онҳо, ки хеле солманд ба назар мерасиду сархуш ҳам буд, ба дигарӣ мегуфт, ки аз давраи ҷавониаш қариб 40 сол боз ба ин кор машғул аст. Дуи дигар, ки ҷавонтар буданд, собиқаашон дар танфурӯширо якеаш 10 сол ва аз ҳама ҷавонаш ҳамагӣ 3 моҳ гуфт.

Табибон танфурӯширо дар баробари истеъмоли маводи мухаддир яке аз манбаҳои густариши бемории қаттоли СПИД меноманд. Бино ба ҳисобҳо, то имрӯз дар Тоҷикистон тақрибан 8500 нафар ба вируси ВИЧ – ангезандаи бемории СПИД гирифтор шуда, беш аз 2000 нафар аз ин беморӣ ҷон додаанд. Як бахши аъзами онҳо дар натиҷаи алоқаҳои берабти ҷинсӣ бо танфурӯшон ба ин маризии кушанда олуда шудаанд.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки аксари харидорони танфурӯшон ҷавонон ҳастанд ва ин ба ҷомеаи 70 фисадаш ҷавон пайомади нохуш дорад.

Аз ташкилоти ҷамъиятии занони «Гулрухсор» гуфтанд, ки онҳо ин амали ба фарҳанги тоҷикона ғайрро маҳкум мекунанд. Аз аввали соли 2017 то ҳол ба ин ташкилот дар маҷмӯъ 1200 нафар занон муроҷиат кардаанд. Ташкилоти занони «Гулрухсор» барои пош нахӯрдани оилаҳо ва дигар омилҳои номатлуб машваратҳои психологӣ медиҳад.

Бино ба омори расмии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин вазорат дар соли 2016 дар кишвар 1991 зани танфурӯшро сабт кардааст. Аз ин шумори заноне, ки аз ҳисоби фоҳишагӣ барои худ асбоби зиндагӣ дуруст кардаанд, 9 нафараш ноболиғ, яъне зери синни 18, 1565 нафар аз 18 то 30-сола ва 417 тани дигар аз синни 30 боло будаанд.

Дар тӯли соли 2016 дар Тоҷикистон фаъолияти 288 фоҳишахона ошкор шудааст. Аз ин шумор 100 фоҳишахона дар вилояти Суғд, 98 фоҳишахона дар шаҳри Душанбе, 52 фоҳишахона дар вилояти Хатлон ва 38 фоҳишахонаи дигарро дар навоҳии тобеи марказ ошкор кардаанд.

Танфурӯшӣ дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисоб намешавад ва занҳое, ки дар ҷараёни рейдҳо дастгир мешаванд, маъмулан бо ҷарима барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ халос мешаванд. Аммо қонунгузории Тоҷикистон барои даллагӣ ва ташкили фоҳишахона то 5 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад. Бар асоси ин банди қонун, онҳое ки манзилашро ба фоҳишаҳо иҷора дода, «барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам меоранд”, низ метавонанд ба ташкили фоҳишахона айбдор шаванд ва ҷазо бигиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *