Гулнора Каримова дар зиндони Зангиота нигаҳдорӣ мешавад

Аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Грегуар Манжа, вакили мудофеи Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Ӯзбекистон гуфт, ки нафари таҳти ҳимояи ӯ дар зиндони Зангиота нигаҳдорӣ мешавад.

«Ба маҳбаси занонаи Зангиота расидам. Талош дорам, ки бо Каримова мулоқот кунам», — навишт вай рӯзи 1 апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Грегуар Манжа рӯзи 2 апрел хабар дод, ки бори дувум ба маҳбас рафтааст. Аммо вай дақиқан нагуфт, ки оё бо нафари таҳти ҳимояташ мулоқот кардааст ё на. Додситонии кулли Ӯзбекистон рӯзи 5 март хабар дод, ки Гулнора Каримова бо қарори додгоҳ аз ҳабси хонагӣ ба зиндон интиқол дода шудааст.

Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Пештар аз ин хабар расид, ки ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Ӯзбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 млрд доллар пора додаанд.

Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *