Фарҳоди Карим, ношири шинохта даргузашт

Фарҳоди Карим адиб ва ношири тоҷик, субҳи имрӯз дар сини 61-солагӣ аз сактаи қалб аз олам даргузашт.

Фарҳоди Карим адиб ва ношири тоҷик, ки чанд соли охир вазифаи муовини ректори Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро ба ӯҳда дошт, субҳи имрӯз дар сини 61-солагӣ аз сактаи қалб аз олам даргузашт.
Номбурда аз дӯстони устод Лоиқ ва дигар адибони кишвар буд ва солҳои тӯлонӣ дар раъси директори нашриёти давлатии «Адиб» фаъолият намуд.
Аҳли адаби тоҷик марги Фарҳоди Каримро талафоти бузург арзёбӣ мекунанд.
Фарҳоди Карим 9 марти соли 1958 дар деҳаи Кулолии ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шуда, соли 1980 Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Солҳои 1980-1981 муаллими мактаби миёнаи № 148 ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ), солҳои 1981-1990 муҳаррир ва баъдан, муҳаррири калони илмии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, сипас, аз моҳи майи соли 1990 то соли 2016 муовин ва директори Муассисаи нашриявии «Адиб» будааст.
Номбурда аз соли 2003 раиси Ассотсиатсияи ноширон, полиграфистон ва паҳнкунандагони китоби Тоҷикистон буд. Ҳамчунин Узви Конфедератсияи байналхалқии Иттиҳодияҳои журналистон, Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Дар баробари ин Фарҳоди Карим ҳамчун публитсисти чирадаст шинохта шудааст. Китобҳояш таҳти унвони «Фурӯғи сухан», «Олимақом», «Нашриёт, китоб, хонанда», «Иҷлосияи тақдирсози миллат» (ҳамроҳи Усмонҷон Ғаффоров, 2012) ва «Чеҳраафрӯзи илму адаб» ба табъ расидааст.
Фарҳоди Карим барои хизматҳои шоён дар рушди фарҳангу адаби кишвар бо Ордени «Шараф», Ордени «Шараф ва мардонагӣ»-и Бунёди фарҳангии «Честь и мужество»-и ш. Санкт-Петербург, нишонҳои фахрии «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз шудааст.

Маросими ҷанозаи марҳум соати 8-и субҳи рӯзи 4-уми апрел дар зодгоҳаш- деҳаи Кулолии ҷамоати Рӯдакии шаҳри Панҷакент баргузор мешавад.

Аҳли қалами ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз марги Фарҳоди Карим андӯҳгин буда, ба пайвандонаш аз даргоҳи худо сабри ҷамил мехоҳанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.