Гулнора Каримоваро ИМА ба «рӯйхати Магнитский» ворид кард

Вазорати молияи ИМА номи Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримовро дар «рӯйхати Магнитский» ворид кард. Дар ин рӯйхат онҳое шомил ҳастанд, ки дар поймол кардани ҳуқуқи инсон гумонбар дониста мешаванд.

Таҳқиқи парвандаи Гулнора Каримоваро мақомоти ИМА ва чанд кишвари дигари Аврупоӣ аз соли 2013 шуруъ карданд. Бино бар иттилои тафтишот, Каримова барои иҷозаи фаъолият дар Ӯзбекистон аз ширкатҳои алоқаи мобилии хориҷӣ наздики 1 миллиард доллар пора гирифтааст.

Моҳи августи соли ҷорӣ додситонии кулии Ӯзбекистон аз мақомоти Русия хостанд, ки дороиҳои Гулнора Каримоваро ҳабс кунанд. Мақомоти Ӯзбекистон гуфтанд, Гулнора Каримова тавассути ширкатҳои офшориаш маблағҳои бо роҳи ғайриқонунӣ пайдо кардаро қонунӣ мегардонд.

Моҳи октябри соли 2013 Каримова дар Ӯзбекистон дар тамаъҷӯӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз айбдор шуд. Чанд сол вай дар ҳабси хонагӣ буд ва моҳи августи соли 2015 додгоҳи Тошканд ӯро панҷ сол зиндонӣ кард. Духтари президенти пешин дар саркашӣ аз пардохти андоз, дуздӣ, тамаъҷӯӣ ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои марбут ба ширкатҳои офшорӣ айбдор дониста шуд. Ӯзбекистон талош кард, ки дороиҳои Гулнораро дар 12 кишвар, аз ҷумла Русия ҳабс кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *