Мӯи сари дарозро дар Русия нишони ҳамҷинсгароӣ ҳисобиданд

Дар Хакасии Русия аз сокини маҳаллӣ Любов Литсегевич ба хотири мӯи сари дарози писараш ҳафт фарзандашро аз вай гирифтанд. Тавре нашрияи «Новая газета» хабар медиҳад, мақомоти давлатӣ дар мӯи сари дарози писари ин зан «хатари ҳамҷинсгаро» шуданро дидаанд.

Литсегевич 57 сол дорад. Дар муддати зиндагиаш вай 21 кӯдакро тарбия кардааст, ки 20 тани онҳо фарзандони дигарон будаанд. Сокини Хакасия ба додгоҳ шикоят бурд. Дар айни ҳол шикояти вай баррасӣ мешавад.

Охири моҳи августи соли ҷорӣ мақомот ҳамчунин ду фарзанди сокини Екатеринбург Юлия Савиновскихро аз вай гирифта буданд. Ин ҳодиса баъди он сурат гирифт, ки Юлия дар натиҷаи ҷарроҳӣ як пистонашро аз даст дод. Моҳи декабр қарори гирифтани кӯдаконро аз Юлия ғайриқонунӣ эътироф кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *