Гулнора Каримоваро суд мекунанд?
Додситонии кулли Узбакистон гуфт, ки Гулнора Каримова – духтари бузурги раиси ҷумҳури пешини Узбакистон Ислом Каримов – бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 21-уми августи соли 2015 дар боздошт буда, озодиаш барои панҷ сол “маҳдуд шудааст”.
Додситонии кулли Узбакистон дар як баёния рӯзи 28-уми июл гуфт, Каримова баъди он ба ҳабс гирифта шуд, ки додгоҳ ӯ ва аъзои гурӯҳашро ба чанд моддаи қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла фирор аз пардохти молиёт ё андоз айбдор кард.
Додситонӣ гуфтааст, духтари президенти собиқи Узбакистон дар рӯбарӯи иттиҳомоти нав аст, чун ҳанӯз тафтиши қазияҳои марбут ба ӯ ҷараён дорад. Гулнора Каримова ба қаллобӣ, нақзи қонунгузории гумрукӣ, пинҳон кардани асъори хориҷӣ, нақзи қоидаҳои тиҷорат, сохтакории аснод ва қонунигардонии даромдҳо аз роҳи ҷиноӣ муттаҳам мешавад.
Ба камияш аз соли 2014 боз дар бораи дар ҳасби хонагӣ будани Гулнора Каримова, ки меросбари эҳтимолии тахти Ислом Каримов ба ҳисоб мерафт, матраҳ аст. Вале дар ин муддат бори аввал аст, ки Додситонии кулли Узбакистон ҳабси Каримовро тасдиқ кард ва ҷузъиёти парвандаҳои марбут ба ӯро ошкор намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ