Чаро ҷавонзан дар рӯзи ид худкушӣ кард?

Аз ҳодисаи даст ба худкушӣ задани зани суғдӣ-Муқаддас Мухторова беш аз як моҳ гузашт, вале то ҳол сабаби худро маҷбуран аз ҳаёт маҳрум сохтани ин зан маълум нест.

Мухторова тахминан соати 21:20 дақиқаи 26.06. 2017, яъне  рӯзи Иди моҳи шарифи Рамазон худро ба Сирдарё партофта буд, ки пас аз якшабонарӯзи кофтукоби   корманди маркази матбуоти ситоди ҲФ ва МГ вилояти Суғд ҷасади ӯ аз қаламрави “Вододром”-и шаҳри Хуҷанд дарёфт карда шуда буд.

Беш аз як моҳ аст, ки атрофи ин ҳодиса сару садо ва шубҳаву тахминҳо зиёданд. Аз ин рӯ барои аз забони ҳамсар ва наздикони марҳум асли ҳолро фаҳмидан роҳ пеш гирифтем сӯи хонаи эшон: -Соати 5:30 ҳамсарам Муқаддас маро аз хоб бедор намуд ва гуфт, ки хезед ба намози ид дер намонед. Аз xоб хеста писарам Амирxонро низ бедор кардам. Ҳамроҳ таҳорат кардем ва ҷойнамозро гирифта пиёда ба сӯи масxиди Шермамад воқеъ дар минтақаи Матаиб рафтем. Ба намоз дер намуда будем, зеро аллакай такбир гуфта истода буданд. ҳамроҳ шуда баъди тамом шуданаш ба хона баргаштем…-мегӯяд ҳамсари Муқаддас-Насимҷон Мухторов.

Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “ОИЛА” мутолиа намоед.

                                                                                                                                    Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *