Гулнораи герчик

Рози духтари нашъаманд.

Салом хонандагони азиз. Розшунав ва раҳнамое надорам, аз ҳамин сабаб мехоҳам қиссаи пурғуссаи зиндагиамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам. Ман дар оилаи сарватманд ба дунё омадаам, вале чунон сиёҳрӯз ва бадбахтам, ки шояд ягон гадо мисли ман тирарӯз набошад. Дигарон аз тақдири бераҳм ноланд, ман аз худ менолам, чунки ҳаётамро бо дасти худам сӯхтам….

                  Бойдухтари нозпарвард

Дар оила духтари ягона будам, аз ҳамин сабаб волидонам маро бисёр эркаю азиз карда, тамоми хоҳишҳоямро иҷро мекарданд. Ба қавли кампиракон падару модарам ба ҷони ман бечора буданд ва аз осмон ситора хоҳам ҳам, кӯшиш мекарданд, ки онро канда биёранд. Падарам одами бо обрӯ буданд, модарам низ бо тиҷорат сару кор доштанд ва даромади хуб мегирифтанд. Ҳаёти шоҳона доштем гӯям ҳам, хато намешавад, вале мани хомкалла ба қадри зиндагии серу пур ва биҳиштосо нарасидам…

             Пайғоми ишқ

Падару модарам баъди хатми мактаб маро ба яке аз беҳтарин донишгоҳҳои кишвар дохил карданд. Аз рӯзҳои аввали таҳсил Аъзам ном ҳамсабақам аз пасам мисли соя мегашт. Аъзам мисли худам аз оилаи сарватманд ва бисёр ҷавони зебою хушахлоқ буд. Қариб нисфи духтарони донишгоҳ мафтуни ин ҷавони хушқаду қомат ва бофарҳанг буданд, вале Аъзам ошиқи зори ман буд, зеро Худованд дар баробари падару модари доро ба ман ҳусни беназире ато карда буд, ки бо диданаш кас волаю шайдо мегашт. Муҳаббати Аъзам ба андозае бузург буд, ки мур гӯям, мемурд. Беақлӣ накарда бо номи нек ба ин ҷавони босавод ва меҳрубону кордон ба шавҳар мебаромадам, шояд хушбахттарин зани дунё мешудам, вале мани аблаҳ бо дасти худам ба решаи ниҳоли бахтам табар задам…

                   Дугонаи бад-балои ҷон

Соли аввали таҳсил хуб гузашт, вале дар курси дуюмӣ ман бо духтарони бадахлоқ ҳамроҳ шуда, аз кӯчаи одамгарӣ баромадам. Дигар на ба гапи Аъзам гӯш мекардам ва на ба панду насиҳати волидонам. Худам шоҳу табъам вазир гӯён, рӯзи дароз ҳамроҳи дугонаҳоям дар тарабхонаҳо айшу ишрат мекардам ва бо ин ҳам, қонеъ нагашта, шабона ба дискоклуб ва толорҳои дилхушӣ мерафтам, то ки ғубори набудаи диламро барорам.
Модарам қариб ҳар рӯз маро сарзаниш карда мегуфтанд, ки дугонабозиро бас кунам, чунки дугонаи бад одамро ба роҳи буд бурда, бадбахту рӯсиёҳ месозад, вале мани эркаю нозпарвард дар ҷавоби гапи ҳақ девонавор ба сари модарам дод зада мегуфтам:
-Кори шумо ба дугонаҳои ман набошад! Ман кӯдак нестам, чӣ кор карданамро худам медонам…

                Оғози нокомиҳо

Оқибати дугонабозӣ ва дискотека ба дискотека гаштан ҳамин шуд, ки маро аз донишгоҳ хориҷ карданд, зеро ҳар рӯз аз дарсҳо гурехта ба ягон макони дилхушӣ мерафтам. Ростӣ, хеле талош намудам, ки дили муаллимонро бо пул ёбам то маро дубора барқарор созанд, вале кӯшишҳоям ягон натиҷа надоданд. Дидам, ки намешавад, бало ба пасаш гӯён, бештар ба айшу дилхушӣ дода шудам. Аъзам зорию тавалло мекард, ки ақламро ба ҷояш монда, тарки одатҳои бад намоям. Вай қасам болои қасам мехӯрд, ки агар дугонабозӣ ва тарабхона ба тарабхона гаштанро бас карда, одам шавам, лозим шавад, дар пеши пояи устодон ба зону зада, маро аз нав барқарор месозад, вале мани мағруру саркаш ба ҳоли ӯ хандида мегуфтам:
-Ту хаёл мекунӣ, ки ман дар ҳаққи ҳамин донишгоҳ мурдаам?! Хуб шуд, ки маро хориҷ карданд. Акнун мисли паррандаи озод ба куҷое хоҳам, парвоз кардан мегирам…

Идомаи саргузашти талхи Гулнораро мутолиа кардан хоҳед , шумораи №17-и ҳафтаномаи «Оила»-ро аз тамоми дӯконҳои шаҳр дастрас намоед.

Ба ин ссылка ворид шуда, аз пабличати «Оила» низ метавонед мутолиа намоед:
viber://public?id=english-language
viber://public?id=english-language
🍃☝️

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *