Даргузашти Барбара Буш

Барбара Буш, бонуи аввали пешини Амрико ва ҳамсари Ҷорҷ Буш дар сини 92-солагӣ даргузашт. Хонум Буш танҳо зане аст, ки дар маросими савганди ҳамсар ва писараш ба унвони раиси ҷумҳури Амрико ҳузур доштааст. Хонаводаи хонум Буш гуфтаанд, вай аз чанд муддат барои муолиҷа дар бемористон бистарӣ шуда буд, вале ахиран муолиҷаҳои бештаррор радд карда ва хоста буд, ки дар оромиш дар канори хонаводааш зиндагӣ кунад. Ин бонуи аввали Амрико яке аз фаъолтарин бонуҳои аввали Амрико лақаб гирифтааст, ки дар бахши таълим ва саводомӯзии калонсолон нақши муҳиме адо кардааст. Ӯ ҳамсари чиҳилуякумин раиси ҷумҳур ва модари чиҳилусаввумин раиси ҷумҳури Амрико буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *