Дастурҳои Муҳаммаднабӣ Орипов ба зердастон

Имом-хатиби ноҳияи Риштони Ӯзбекистон Муҳаммаднабӣ Орипов ба зердастонаш дастур дод, ки то оғози моҳи Рамазон аз мардум барои таъмири масҷид маблағ ҷамъоварӣ кунанд.

«Ба Рамазон омода шавед. Барои ман муҳим нест, ки шумо аз куҷо ва чи гуна маблағ пайдо мекунед, муҳим ин ки пайдо шавад. Фосидҳо, баҳонаҷӯӣ накунед. Ман ба шумо уҳдадории саддарсадӣ медиҳам», — нақл кард яке аз имомони ноҳияи Риштон аз қавли имом-хатиб.

«Гӯш кунед, ин ба ҳама дахл дорад! Модарбахатоҳо, маблағро ҷамъоварӣ кунед ва баъд моҳона бигиред. Агар касе ҳарфе ба ҷое расонад, ӯро ба якҷо мехалонам. Ман мардонавор суҳбат мекунам. Э, касе наметавонад чизеро исбот кунад», — гуфтааст имом-хатиб дар ҷаласаи зердастонаш.

Муҳаммаднабӣ Орипов дар суҳбат борасонаҳо гуфтааст, «имомонро барои тоза нигаҳ доштани масҷидҳояшон таъкид кардааст». «Намедонам. Ман танқид кардам, вале дашном на. Ман аз онҳо даъват кардам, ки масҷидҳояшонро таъмир кунанд ва тоза нигаҳ доранд», — гуфт вай.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *