Гулноза: Шавҳарам маро озори ҷинсӣ медод (Видео)
Гулноза 26 сол дорад. Ӯ дучори хушунати оилавӣ гашта, бо чор фарзанд аз шавҳар ҷудо шудааст. Гулноза мегӯяд, ки зӯроварӣ нисбаташ ва вазъи иқтисодии зиндагӣ ӯро маҷбур кард, ки ба мақомоти қудрати аз болои шавҳараш шикоят кунад.
Бо ҳамин мақсад, Маркази Амрикоӣ дар Душанбе бахшида ба “16 рузи алайҳи хушунат нисбати занон” чорабиниеро баргузор намуд. Мақсади ин чорабини ҷалби диққати ҷомеа ба мушкилотҳои зуроварӣ нисбати занон ҳамчун ҷиноят ва поймолкунии хуқуқи инсон, окибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сабаби зоҳир гардидани онҳо мебошад.
Дар чорабинии мазкур «Ҳикояи маникенҳои зинда» таҳияи шуда буд. Ҳар як манекен саргузаштеро дар бораи зӯроварии гендерӣ, ки ба ҷомеаҳои муосир барои зиндагии хушҳолона ва шукуфоӣ монеъ мешавад, изҳор менамояд.
Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки шикоятҳо аз хушунату зӯроварӣ нисбат ба занон афзудааст. Дар даҳ моҳ беш аз 3 ҳазор нафар ба Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ шикоят кардаанд, ки дар оила хушунат дидаанд.
Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 400 ҳолат бештар будааст. Ҳар рӯз дар Тоҷикистон 34 ҷуфт аз ҳам ҷудо мешаванд.
Дахолати ҷониби сеюм, зӯроварӣ ба зан, вазъи иқтисодӣ, ҷудоии тӯлонии ҳамсарон, надоштани хонаи алоҳидаро аз омилҳое меноманд, ки “сутуни асосии ҷомеа” дар ҳар кишвар аз ҷумла Тоҷикистонро мешикананд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ