Леваканд: Мактабе, ки 30 сол боз месозанд

Дар ҷамоати деҳоти “Гулистон”-и шаҳри Левакант ҳанӯз соли 1987-и асри гузашта сохтмони муассисаи таълимӣ барои 1176 хонанда оғоз гардид. Вале бо сабаби маблағузорӣ нашудан то кунун бунёди он ба охир нарасидааст. Аз ин вазъ беш аз ҳама сокинони маҳаллӣ дар ташвишанд. 

Нигаронии сокинон аз дурии роҳ

Адолат, сокини шаҳри Левакант, гуфт, аз сабаби набудани мактаб дар деҳа фарзандонамон зиёда аз ду километр роҳро тай карда, ба муассисаи таълимии  рақами 6 мераванд. “Фарзандони мо дар басти дувум таҳсил мекунанд.

Бегоҳ соати 17:10 аз мактаб ҷавоб мешаванд, ки аллакай шаб мешавад. Роҳи пиёдагард низ нест. Онҳо маҷбуранд, ба як канори роҳи мошингард ба хона оянд. Бештари вақт хавотир мешавем. Агар мактаби нимсохта пурра бунёд шавад, ташвишҳои мо — волидон камтар мешавад”, — афзуд ӯ.

Ба мисли Адолат даҳҳо волидони дигар, ки фарзандонашон дар муассисаҳои таълимии №6 ва №24 таҳсил мекунанд, аз дурии роҳ нигаронанд.    

Сабаб — набудани маблағ ё камтаваҷҷуҳӣ?

Тоҷиддин Тоҳиров корманди бахши маорифи шаҳри Левакант гуфт, соли 1987 сохтмони муассисаи таълимӣ барои 1176 хонанда бо маблағгузории собиқ колхози ба номи Карл Маркси ноҳияи Коммунистӣ (ҳоло Кӯшониён) оғоз шуда буд. “Мақсади асосии бунёди муассисаи таълимӣ ташкил кардани ҷои иловагии нишаст ва наздик кардани роҳ барои хонандагон буд.

Ба ҳамин хотир мавзеи сохтмони мактаб дар миёнаи муассисаҳои таълимии рақами 24 ва 6 интихоб карда шуд, — зикр мекунад вай. — Давоми се ё чор сол корҳои сохтмонӣ ба хубӣ идома карданд. Таҳкурсӣ ва ошёнаи якуми бино қариб ки сохта шуд. Бо оғоз шудани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар солҳои 91-уми  асри гузашта корҳои сохтмонӣ якбора қатъ гардида, то ҳол ба охир нарасидаанд”.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои сохтмонӣ дар мактаб бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Илҳом Ҳотамов боз идома дода шуданд. Вале бо сабабҳои номаълум ин ташаббус дер давом накард. Вай афзуд: “муассисаи таълимии мавриди назар ба барномаи давлатии “Рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” ворид шудааст. Мутаассифона, бо гузашти се сол то ҳол ягон дигаргунӣ нашудааст”.

Кӣ ҳақиқатро мегӯяд?

Дар ҳамин ҳол Идизода Ҷумъахон, сармутахассиси шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди Раёсати маорифи вилояти Хатлон, гуфт, муассисаи таълимии сохтмонаш нотамом ба барномаи давлатии “Рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” ворид нашудааст.

“Дар доираи барномаи мазкур фақат дар назди муассисаи таълимии  рақами 6-и шаҳр сохтмони бинои иловагӣ барои 240 хонанда ба нақша гирифта шудаасту халос”, — изҳор дошт ин шахси масъул ва афзуд, ки бо сабаби дастгирии молиявӣ наёфтан эъмори он бинои иловагӣ ҳам зери суол аст.

Дар як миз — чор хонанда

Фаррух Зубайдов, сарвари муассисаи таълимии рақами 6-и шаҳри Левакант, бо таассуф изҳор кард, ки “дар ҳақиқат норасоии ҷои нишаст дар муассисаи мо мушкили меҳварӣ ҳисобида мешавад. Ҳоло дар мактаб 741 хонанда таҳсил дорад. Бинои муассиса соли 1950 барои 300 хонанда сохта шудааст.

Соли 1976 боз 8 синфхонаи дигар бунёд шуд. Аммо имрӯз хонандагон дар синфхонаҳо аз меъёр зиёданд. Дар як мизу курсие, ки барои ду нафар пешбинӣ шудааст, аз се то чор хонандаро ҷой кардаем. Дар синфхонаҳои танг то 33 хонанда таҳсил дорад, ки аз ин ҳисоб нафаскашӣ мушкил аст”.

Сафарбек Сафаров, омӯзгори ҳамин муассисаи таълимӣ гуфт, ки як бинои муассисаи таълимии  рақами 6, ки 12 синфхона дорад, пурра дар ҳолати садамавӣ аст.

“Маҷбур шудем, ки чор синфхонаашро бандем, то ба кӯдакон зарар нарасад. Вале дар ҳашт синфхонаи дигар хонандагони синфҳои ибтидоӣ таҳсил доранд.  Ҳаёти кӯдакон ҳар лаҳза дар зери хатар аст. Мо аз вазъи бинои садамавӣ роҳбарияти шаҳрро огоҳ кардаем, лекин то ҳол чорае наандешидаанд”, — гуфт ӯ ва изофа кард, ки бунёди муассисаи таълимии сохтмонаш нотамом барои онҳо ҳамчун обу ҳаво зарур аст. Яъне, бо сохта шудани он ниҳоят аз синфхонаҳои тангу садамавӣ халос мешаванд.  

Синфхонаҳои “резинӣ”-и мактаби №24

Шарофат Шейхова, сарвари муассисаи таълимии рақами 24 низ аз зиёд будани шумораи хонандагон дар мактаб шиква дорад. Ӯ гуфт: ”Муассисаи таълимии мо соли 1963 барои 800 хонанда сохта шудааст. Соли 2016 шаш синфхонаи иловагӣ сохтанд. Лекин шумораи хонандагон имрӯз ба 1839 нафар расидааст.

Аз ин лиҳоз, дар синфхонаҳо хонандагонро 35-нафарӣ ҷой кардаем. Зиёд будани шумораи хонандагон дар синфхона ба ҷараёни дарсомӯзӣ таъсири бад мерасонад. Дар 45 дақиқаи дарс омӯзгор наметавонад ҳамаи хонандагонро зери назорат дошта бошад. Масъалаи дигаре, ки боиси ташвиш аст, ин дурии роҳи хонандагон аст. Аз ин ҳисоб онҳо сари вақт ба дарс ҳозир намешаванд”.        

Масъулон, вақти амал аст!

Бо гузашти беш аз 30 сол аз замони шурӯи сохтмон ва ба маснади раиси шаҳри Левакант ва вазири маориф ва илми кишвар нишастану рафтани чандин нафарон, ҳамоно сохтмони иншооти мавриди назар нотамом боқӣ мондааст.

Агар масъулони муҳтарам ба ин масъала каме таваҷҷуҳ мекарданд, шояд дар ин муддати тӯлонӣ мушкили мазкур бартараф карда мешуд. Онҳо чӣ мегӯянд? Мо интизори посух.

Машраби Аловиддин,

махсус барои “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *