Гулрухсор: Соли ҷавонон ба гап набошад

Шоири маъруфи тоҷик Гулрухсор мегӯяд, ки эълони соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон фоли хубест, аммо набояд он ҳавоӣ бошад. Баръакс дар ин сол бояд ба ҷавонони эҷодкор имкониятҳои ҷиддӣ фароҳам оварда шавад ва онҳо аз ҷониби масъулин дастгирӣ бинанд.

Ин нуктаро шоири халқии Тоҷикистон, имрӯз дар рӯнамоии китоби шоири ҷавон Толиби Луқмон бо номи «Пагоҳ» ки дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сурат гирифт, қайд кард.

Ӯ аз ҷумла гуфт: «Мо бо эълон кардани соли ҷавонон наметавонем, ки ҷавононро фақат бо гап дастгирӣ кунем. Пушкин мегӯяд, ки шоир бояд хотири ҷамъ дошта бошад, ошиқ ва ҳамёни пур дошта бошад. Натиҷаи чунин маҳфилҳо ва машваратҳо бояд чунин бошад, ки мо ба нашриёти «Адиб» мактуб нависем, то барои чопи китобҳои ҷавонон мусоидат кунад. Аз ҳисоби худ ва худсарони чоп кардани китобҳо аз ҷониби ҷавонон паёмади хубе надорад. Шоир бояд озод бошад.»  

Гулрухсор ба раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муроҷиат карда гуфт, ки онҳо бояд дар муносибат ба ҷавонон идомадиҳандаи кори Мирзо Турсунзода ва Боқи Раҳимзода бошанд.

«Ёдам меояд, ки устод Турсунзода ба суроғи ман ба университет омада буданд ва аз мани он вақт 15-16 сола пурсиданд, Гулрухсор ин тахаллуси туст? Ман дар ҳайрат пурсидам, ки устод тахаллус чӣ аст?

Шумо тасаввур кунед, имруз ягон шоири мо аз ҷумла ман аз қафои шоири ҷавон догнишгоҳ мерафта бошам? Гумон мекунам не.»

Бинобар ин идома додани кори Турсунзода ва Раҳимзода барои рушди адабиёт кӯмак мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *