Бонки миллӣ сатҳи таваррумро шарҳ дод

Дар моҳи декабри соли 2016 тибқи маълумоти оморӣ сатҳи таваррум раванди муътадил дошта, 0,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба моҳи қаблӣ 0,3 банди фоизӣ ва моҳи декабри соли гузашта 0,1 банди фоизӣ кам мебошад.

Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст.  Ба таварруми ҳосилшуда дар моҳи декабр асосан ба андозаи 1,0 фоиз болоравии нархи молҳои озуқаворӣ, аз ҷумла равғани пахта, чой, шир ва маҳсулоти хусусияти мавсимидошта, аз қабили картошка, пиёз ва себ таъсир расонид. Ҳамзамон дар ин моҳ нархи молҳои ғайриозуқа бетағйир монда, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ба андозаи 1,2 фоиз коҳиш ёфтанд.

Аз рӯи ҷамъбасти соли 2016, сатҳи таваррум 6,1 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта ҳамагӣ ба андозаи 1,0 банди фоизӣ зиёд мебошад. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби афзоиши нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ 6,8 фоиз, маҳсулоти ғайриозуқа 5,7 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 4,5 фоиз ба амал омад.

Қобили зикр аст, ки таваррум нисбат ба дурнамои он, ки дар соли 2016 дар сатҳи 7,0 фоиз пешбинӣ гардида буд, ба андозаи 0,9 банди фоизӣ кам мебошад.

Таваррум яке аз нишондиҳандаи муҳими макроиқтисодӣ барои нигоҳдории устувории фазои макроиқтисодии кишвар ба шумор рафта, нишондиҳандаи муътадили он ҷиҳати беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ҷалби сармоягузориҳо ва рушди истеҳсоли маҳсулот дар кишвар мусоидат мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *