Гулзода сабаби афзоиши донишҷӯёнро дар ДДТТ шарҳ дод
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон соли равон теъдоди қабули донишҷӯёнро 500 нафар афзоиш додааст.
Ректори донишгоҳи мазкур Маҳмадшоҳ Гулзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки агар соли гузашта 1500 донишҷӯ қабул шуда бошанд, имсол ин рақам ба 2000 нафар расонида шуд.
«Аз ҷумла, қабули довталабон ба факултетҳои педиатрия зиёд шудааст, зеро дар ҷумҳурӣ духтурони педиатрӣ, инчунин оид ба тибби профилактикӣ намерасанд. Ҳалли мушкилот, аз қабили COVID-19 нишон медиҳад, ки дар ин факултетҳо мутахассисон хеле кам ҳастанд», -гуфт ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ