Кумаки аввалини сокинони Истаравшан ба зарардидагони деҳаи Урметан

Кумаки аввалини сокинони шаҳри Истаравшан ба зарардидагони офати табиии деҳаи Урметани ноҳияи айнӣ дастрас шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан хабар медиҳад.

— Дар асоси дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи сокинони шаҳри Истаравшан ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи маҳаллаи Лангар кумаки аввалия, аз ҷумлаи маҳсулоти озуқаворӣ — орд, равған, гӯшт, биринҷ, макарон, картошка, сабзӣ ва дигар намуди маҳсулот дастрас карда шуд,- меафзояд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки 28-уми июли соли ҷорӣ дар натиҷаи омадани сел дар маҳаллаи Лангари деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ якчанд манзили истиқоматии сокинони деҳа зарари ҷиддӣ диданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *