Панҷакент: роҳҳои маҳаллӣ мумфарш мешаванд

Бо ташаббуси сокинони деҳаҳои Озодагон ва Шингаки ҷамоати деҳоти Хурмӣ, Турки Роҷ, Роҷ, Равот ва Сафобахши ҷамоати деҳоти Амондара ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент мумфаршкунии қитъаи даҳкилометрии роҳи Озодагон-Сафобахш шуруъ шудааст.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Панҷакент, ин қитъаи роҳ марҳала ба марҳала мумфарш карда мешавад.

— Имрӯзҳо ҳамчунин сокинони деҳаҳои ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан мумфаршкунии роҳи Панҷакент-Шӯрчаҳро идома медиҳанд. Зимнан, мумфаршкунии ин қитъаи роҳ соли гузашта оғоз шуда, имсол идома дода мешавад. Тавре ташаббускорони ин ободкорӣ гуфтанд, ҳафтаи гузашта наздик ба ду километр роҳ мумфарш шуда, корҳо дар чор километри дигар ҳамарӯза идома дорад,- меафзояд манбаъ.

Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода аз рафти мумфаршкунии роҳҳои Озодагон-Сафобахш ва Шӯрчаҳ-Панҷакент дидан намуда, ба ташаббускорони он аҳсант хондаву таъкид доштааст, ки ин иқдоми онҳоро мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳр ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *